Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии вазъи занони тоҷик дар СММ


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева бо ширкати як ҳайати давлатии Тоҷикистон масъалаи маҳви хушунати зидди занон дар ин кишвар баррасӣ шуд.

Ин бори панҷум буд, ки Тоҷикистон дар Кумитаи маҳви тамоми навъҳои табъизи занони СММ(CEDAW), дар Женева гузориш дод ва ҷолиб буд, ки бахши асосии ҳайати расмии Тоҷикистонро занон ташкил медоданд.

Тоҷикистон, ки Паймони ҷаҳонии маҳви тамоми навъҳои табъизи занонро тасвиб кардааст ва аз ин рӯ, муваззаф аст, ба сурати мунтазам ба ин Кумитаи иборат аз 23 коршиноси мустақили СММ дар бораи ҷараёни иҷрои шартҳои ин санад гузориш диҳад.

Дар ин гузориш ҳайати давлати Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Сумангул Тағоева нахуст аъзои ҳайатро муаррафиӣ кард, ки ба он раиси шӯъбаи кафолатҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсон дар Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Ашӯров, узви кумитаи Маҷлиси Намояндагон Сабоҳат Илҳомова, муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов, муовини вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ Латофат Шарифова, муовини Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов, Ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Ҷобирова, вакили Маҷлиси Намояндагон Сабоҳат Муқумова ва чанде дигар шомил буданд.

Хонуми Тағоева дар нутқи нимсоатаи худ дастовардҳои кишварро дар тасҳеҳи қонунгузорӣ ва ниҳодина кардани баробарҳуқуқии ҷинсӣ, ҷалби занон ба умури идорӣ ва иҷтимоӣ, муҷозоти омилони хушунати хонаводагӣ, ораҳои мубориза бо қочоқи инсон ва монанди инҳоро қайд кард.

Гузориши расмии ҳукумати Тоҷикистон аз арқому адади зиёд, номгӯйи қонуну дастур ва тарҳу барномаҳои гуногуни кишвар иборат буда, бо вуҷуди он ки бисёре аз аъзои Кумитаи СММ аз он истиқбол карданд, ин ҳам зикр шуд, ки маърӯза умумӣ буда, ба бархе аз саволҳои мушаххаси Эъломияи маҳви тамоми навъҳои табъизи занон посух надодааст. Аз ҷумла, коршиносони кумита аз он ноқаноатманд буданд, ки дар Тоҷикистон мониторинги поймолшавии ҳуқуқи занон ҷараён надорад ва ҳамчунин қонунгузориҳо қабл аз тасвиб дар порлумон аз нуқтаи назари ҳуқуқи занон бозрасӣ намешаванд.

Баъд аз гузориши расмӣ байни ҳайати Тоҷикистон ва аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ суолуҷавоб сурат гирифт. Аъзои кумита ва коршиносон он пиромуни масоили калидие, чун мавҷудияти стереотипҳо дар бораи гендер, яъне баробарии марду зан, чораҳои мубориза бо қочоқи инсон, талошҳо барои тақвияти ҳузури занон дар саҳнаи сиёсӣ, табъизи занон дар бозори кор, бидуни пардохти маоши изофӣ кори изофӣ кардани занон, мизони баланди маргумири занон ҳангоми таваллуд ба далели мизони баланди исқоти ҳамл, вазъи занон дар деҳот ва иқдомот барои ҷилавгирӣ аз бигамия ва полигамия (дузанӣ ва бисёрзанӣ) ва дигар мушкилоти доғи занони тоҷик дар шароити кунунӣ суол карданд.

Дар баробари ҳисоботи Тоҷикистон оид ба чораҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ нисбати занон масъалаҳое матраҳ шуд, ки ба озодиҳои шахсии онҳо бастагӣ доштанд. Аз ҷумла як фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон ба баҳс кашида шуд, ки намозгузории занонро дар масҷидҳо манъ мекунад. Дар посух ҳайати Тоҷикистон як ҳадиси набавиро мисол овард, ки дар он гуфта шудааст, паёмбари Ислом намозгузории зан дар хонаро авлотар донистааст. Аммо аъзои Кумитаи СММ инро ақидаи Шӯрои уламои Тоҷикистон номиданд ва хостанд, донанд, ки худи ҳукумат дар ин бора чӣ назар дорад, чун ҳукумат бояд дастурҳои ҳуқуқи занонро иҷро кунад. Яке аз аъзои кумита гуфт, занон дар Макка дар паҳлуи мардҳо намоз мегузоранд.

Баҳси дигар ба сарулибоси занон дахл дошт ва яке аз аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ намуна овард, ки чаҳор духтар ба хотири ҳиҷобпӯшияшон аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳ маҳрум шудаанд. Раҳбари ҳайати Тоҷикистон, хонуми Тағоева посух дод, ки занон дар Тоҷикистон дар интихоби либос озоданд ва ҳиҷоб мамнӯъ нест. Вай афзуд, аммо тоҷикон либоси миллӣ худ, аз ҷумла рӯмол доранд, ки ба сар мебанданд ва касе ин ҳаққи онҳоро дар ҳеҷ муассиса манъ накардааст.

Суоли дигар ин буд, ки қонуни нави Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила оё таҷовуз ба номус дар дохили оиларо дар назар дорад?

Гузориши қаблии давлати Тоҷикистон дар бораи ҷараёни иҷрои Паймони ҷаҳонии маҳви тамоми навъҳои табъизи занон 4 марти соли равон дар иҷлоси 54-уми Кумитаи маҳви тамоми навъҳои табъизи занони СММ дар Женева баррасӣ шуда буд. Тоҷикистон уҳдадор гашта буд, ки тавсияҳои ин ҳамоишро иҷро намояд.

Дар гузориши наве, ки Душанбе барои иҷлосияи навбатии ин Кумитаи СММ омода кардаву аз сӯи СММ аллакай нашр шудааст, гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 97 созмону идора машғули иҷрои паймони маҳви тамоми навъҳои табъизи зан мебошанд.

Гузориш мегӯяд, як силсила фармону барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла фармони президент аз соли 1998 дар бораи боло бурдани мақоми занон, барномаи дастрасии занони деҳот ба замин, ва барномаи ҷадиди давлатӣ бо номи “Тарбия, интихоб ва таъйини кадрҳои раҳбарии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2007-2016”-ро заминаҳои ҳуқуқии ҷалби бештари занон ба мақомҳои раҳбарӣ дар ин кишварро фароҳам сохтаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ҳукумати Тоҷикистон кумитаи занон ва оила фаъолият дорад, ки танҳо дафтари марказиаш 15 корманд дошта, буҷаи ин ниҳод соли гузашта 1, 886 миллион сомонӣ, вале имсол 80 000 сомонӣ камтар, яъне 1,786 миллион сомонӣ, ё тақрибан 350 000 долларро ташкил додааст.

Гузориш меафзояд, қонунгузории Тоҷикистон барои нақзи баробарҳуқуқии ҷинсии марду зан муҷозот таъйин кардааст, ки аз ҷарима ба маблағи аз 200 то 500 нишондиҳанда ваё то 2 сол ҳукми зиндон иборат будааст. Вале, мегӯянд муаллифон, боварҳои стереотипӣ дар бораи баробарии марду зан дар ҷомиаи Тоҷикистон зиёд боқӣ мондаанд ва давлат барои рафъи ин ҳолат ва ба мардум фаҳмондани масъала аз рӯҳониён низ истифода мебарад.

Гуфта мешавад, дар соли 2012 456 зан дар мавриди хушунати хонаводагӣ ба мақомот муроҷиат кардаанд, аммо аз ин шумор танҳо 33 қазия то додгоҳ рафта, дар 102 маврид аз кушодани парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми зӯроварӣ алайҳи занон даст кашидаанд. Дар 3 моҳи аввали соли равон 53 зан бо чунин шикоят муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумор танҳо 20 қазияаш ба додгоҳ ирсол шудаааст.

Ҳамин тавр, соли гузашта дар Тоҷикистон 6 мавриди одамрабоӣ, 3 мавриди қочоқи инсон, 7 мавриди боздошти ғайриқонунӣ, 55 мавриди таҷовуз ба номус, 50 мавриди аъмоли иҷбории шаҳвонӣ, 10 мавриди иҷбор ба алоқаи ҷинсӣ, 81 мавриди алоқаи ҷинсӣ ва аъмоли шаҳвонӣ бо ноболиғони то 16-сола, 7 мавриди ҷалби афрод барои истисмор, 17 мавриди фурӯши ноболиғон ва 153 мавриди даллагӣ ё ташкили фоҳишахона, дар маҷмӯъ 553 ҷинояти марбут ба қочоқи инсон сабт шудааст. Ин назар ба як соли пеш 8 ҷиноят бештар будааст.

Як мавзӯи дигаре ки дар гузориши давлати Тоҷикистон ба Кумитаи СММ баррасӣ мешавад, ҳузури занон дар мақомҳои давлатист. Гузориш мегӯяд, 17 вакил аз 63 вакили парлумон ва 404 вакили маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҳамин тавр, 84 додрас занонанд. Дар маҷмӯъ шумори занон дар мансабҳои давлатӣ 4793 нафар шумурда мешавад, ки 920 тани онҳо дар мансабҳои раҳбарӣ кор мекунанд ва 4 зан ҳатто раиси ноҳия будаанд. Аммо бо онки нисфи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд, фисади онҳо дар мансабҳои давлатӣ ҳамагӣ 23,5 дарсад будааст. Ин рақам дар ҳкумати марказӣ бо з ҳам камтар – ҳамагӣ 17,3 дарсад ё шашяки мансабдоронро ташкил додааст. Вале гуфта мешавад, ки занон бештар дар мақоми муовини раиси ин ё он идораи давлатӣ кор мекунанд.

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Баҳси масъалаи ҳузури занон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ - эътилофи умдаи аҳзоби мухолиф ва созмонҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ - барои нахустин бор дар таърихи ин кишвари пасошӯравӣ як зан - ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон Ойниҳол Бобоназароваро ба ҳайси номзад ба интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр пешбарӣ кард. Аммо дар гузориши расмии давлати Тоҷикистон, ки ҳанӯз моҳи июн ба СММ ироа шудааст, ин паҳлуи ҳузури занони тоҷик дар сиёсат мунъакис нашудааст.

Душанбе дар поёни гузориши ҷадидаш гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи тасвиби протоколи факултатавӣ ба Паймони байналмилалии маҳви тамоми навъҳои табъизи ҳуқуқи занонро мавриди баррасӣ қарор додааст. Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ин манзур мехоҳад аз ҳисоби намояндагони вазорати идоратҳои халдор ва ёбо ҷалби намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ як гурӯҳи корӣ ташкил диҳад.

Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба ба Кумитаи маҳви тамоми навъҳои табъизи занони СММ(CEDAW) дар Женева дар бораи ҷараёин иҷрио Паймони байналмилалии маҳви тамоми навъҳои табъизи занон гузориш медиҳад. Дар яке аз гузоришҳои қаблии Душанбе аз ҷумла гуфта мешуд, ки давлати Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи занону духтарони болаёқат ҳар сол озмунҳои саросарие, назири “Андалеб” ва “Чакомаи гесӯ” барпо мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG