Пайвандҳои дастрасӣ

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии самбо дар шаҳри Бургаси Булғористон ғолиб шуд.

Рӯзҳои 6-7-уми сентябр дар шаҳри Бургаси Булғористон даври чаҳорум ва ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии самбо баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи пурнуфуз мардон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ, занон дар намуди самбои варзишӣ қувваозмоӣ карданд.

Тоҷикистонро танҳо як варзишгар - Акмалиддин Каримов -намояндагӣ кард. Вай дар намуди самбои варзишӣ дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, ба финал баромад. Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Иля Тӯҳфатуллин аз Русия ғолиб омада, бо ҷому медали тилло сарфароз гашт.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдулло, муовини сардовари Ҷоми ҷаҳонии самбо, муовини аввали раиси Федератсияи самбои Осиё ва ҳамзамон дабри кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 8-уми сентябр тавассути телефон аз шаҳри Бургаси Булғористон хабар дод.

Ба иттилои ҷаноби Абдулло дар Бургас қабл аз Ҷоми ҷаҳонии самбо, рӯзи 5-уми сентябр, ҷаласаи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) доир шуд. Василий Шестаков, раиси FIAS, дар маърӯзаи худ дар бораи рушди самбо дар ҷаҳон, ривоҷи ҳамкориҳои FIAS бо ташкилотҳои байналмилалии варзишӣ, аз он ҷумла бо Федератсияи байналмилалии варзишии донишҷӯён, таъкид намуд. Дар ин ҷаласа, инчунин, масъалаҳо оид ба қоидаҳои нави самбо, ҷоизапулӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва дар оянда ба ҷои чаҳор давр дар як давр баргузор намудани Ҷоми ҷаҳони самбо баррасӣ шуданд.

Аз маълумотномаи «Озодӣ»: Акмалиддин Каримов 5-уми январи соли 1990 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз синни дувоздаҳсолагӣ ба самбо таҳти роҳбарии устодаш Маҳмадшариф Сулаймонов машғул аст. Дар шаҳри Душанбе, дар толори мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ тамрин мекунад. Зиёда аз сӣ медал ба даст овардааст. Соли 2011-ум Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро хатм намуда, як сол дар Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хидмат кардааст. Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, қаҳрамони Осиё, қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон, ғолиби Ҷоми ҷаҳонии самбо мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG