Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи олимпӣ: "Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ омодаанд"


Ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Олимпиадаи дуюми наврасон ва Бозиҳои XVII осиёӣ омодаанд.

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки рӯзи 31-уми июл, дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи КМО барпо гардид, таъкид шуд, ки варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Олимпиадаи дувуми наврасон ва Бозиҳои XVII осиёӣ омодаанд.

Дар ин ҷаласа нахуст Носир Бозоров, мудири шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 16-ум то 28-уми август дар шаҳри Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, иттилоъ дод. Вай гуфт, “дар Олимпиадаи наврасон 8 варзишгари тоҷик дар 7 намуд рақобат мекунанд. Чаҳор нафари онҳо – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии

Носир Бозоров
Носир Бозоров

озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов (вазни то 85 кг) ва Равзатулло Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр – соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ гардидаанд. Чаҳор нафари дигар – Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни 66-81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар Олимпиадаи наврасон аз рӯи квота ё саҳмия ширкат хоҳанд кард.”

Ба гуфтаи масъули Кумитаи миллии олимпӣ ба ҷуз варзишгарон, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ шаш мураббӣ дохиланд: Абдурозиқ Олимов (гуштии варзишӣ), Ҷамшед Расулов (варзиши сабук), Носир Бозоров (дзюдо), Фирӯза Зубайдова (камонварӣ), Олег Набиев (тирандозӣ) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ).

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони ҷавони тоҷик моҳи августи соли 2010-ум дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст оварда буданд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг бо медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар навъи таэквон-до ВТФ дар сабқати духтарон дар вазни то 44 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гаштаанд.

Муҳаммадшо Абдуллоев
Муҳаммадшо Абдуллоев

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин, масъалаи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Куриёи Ҷанубӣ барпо мегарданд, баррасӣ шуд.

Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, иброз дошт, ки дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 17 намуд, ба монанди бокс, дзюдо, гуштини озод ва юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, картэдо, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони тоҷик имтиҳони ҷиддиест пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия.

Дар ин ҷаласа, инчунин, рӯйхати номзадҳо барои гирифтани стипендия ё идрорпулии олимпӣ тасдиқ шуд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо 20 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷикро, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, барои гирифтани стипендияҳои олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ пешниҳод кардем.”

Баҳрулло Раҷабалиев
Баҳрулло Раҷабалиев

Ба рӯйхати варзишгароне, ки номзад барои гирифтани стипендияҳои олимпӣ мебошанд, инҳо дохил шуданд: Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Наврӯз Ҷафоев, Шаҳриёр Аҳмадов (бокс), Дилшод Назаров (варзиши сабук), Искандари Рустам, Фарҳоди Усмонзода, Манучеҳр Аллаев, Хусрав Облобердиев, Муродҷон Тӯйчиев, Залимхон Юсупов, Баҳодур Қодиров, Сомиршо Воҳидов (гуштини варзишӣ), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Фарҳод Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Расул Абдушарифов (дзюдо), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ).

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин чаҳор медал (як нишони тилло ва се биринҷӣ) гирифта буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло, Расул Боқиев (дзюдо), Муродҷон Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ) ва Ҷаҳон Қурбонов (бокс) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шудаанд.

XS
SM
MD
LG