Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Асадулло Раҳмон: "Мо Содиқовро "ҷосус" муаррифӣ накардаем"


Раҳмон Асадулло, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон.

Раҳмон Асадулло, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон.

Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа, 11 июл дар як нишасти хабарӣ мавзӯъи инъикоси хабарҳои пурсару садо аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишварро шарҳ дод.

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон дар робита ба пахши навор дар бораи қазияи донишманди боздоштшуда Александр Содиқов аз тариқи шабакаи аввал гуфт, ки дар ин навор Содиқов на чун ҷосус, балки чун гумонбар муаррифӣ шудааст.

Александр Содиқов ҳудуди як моҳ қабл дар шаҳри Хоруғ аз сӯи мақомоти амниятӣ ба гумони ҷосусӣ ба нафъи яке аз кишварҳои хориҷӣ дастгир шуд ва айни ҳол дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳ дошта мешавад. Бархе аз хабарнигорони маҳаллӣ аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки билофосила баъд аз боздошти Александр Содиқов расонаҳои давлатӣ ӯро ҷосус хондаанд.

Асадулло Раҳмон ҳамчунин дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи пахши наворҳо роҷеъ ба "муллоҳои фиребгар" гуфт, ки "намоиши наворҳо дар бораи "муллоҳо" маъракаи густарда зидди ҳеҷ як ҳизбу созмон нест". Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, "намояндагони бархе аз аҳзоб ва гурӯҳҳо иддао мекунанд, ки ин намоишҳо алайҳи онҳо нигаронида шудааст."

Ба андешаи ҷаноби Раҳмон, "ин дарди ҷомеа аст ва мо муваззаф ҳастем, ки дар ин бора ба мардум барномаҳо нишон диҳем" Ӯ афзуд, "бо вуҷуди он ки шаҳрвандон ҳангоми рафтан ба назди муллоҳои фиребгар дарк мекунанд, ки онҳо дуруғ мегӯянд, инро ба ҳамсояҳои худ намегӯянд, то ки дигарҳо аз рафтан ба назди чунин муллоҳо худдорӣ кунанд."

Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон пахши ин гуна барномаҳоро "рисолати шабакаи телевиизиони давлатӣ" медонад ва мегӯяд, ки мардум бояд дар бораи аъмоли "муллоҳои фиребгар" маълумот дошта бошанд"

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG