Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсари Александр Содиқов мегӯяд, бо гузашти як ҳафта аз боздошташ то ҳол бо ӯ во нахӯрдааст, вале муфаттиши парванда гуфтааст, ки ҳолаш хуб аст.

Ҳамсари Александр Содиқов, нафаре, ки дар Бадахшон бо ҷурми ҷосусӣ боздошт шудааст, мегӯяд, бо муфаттиши парвандаи шавҳараш вохӯрдааст, аммо ба ӯ иҷозаи дидорбинӣ бо шавҳарашро надодаанд.

Мушаррафа Содиқова, ҳамсари Александр Содиқов рӯзи 23 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ба қавли муфаттиши парвандаи шавҳараш, аҳволи ӯ хуб аст, аммо бо вуҷуди талошҳои зиёд иҷозаи вохӯрӣ бо ӯро надодаанд. Мушаррафа Содиқова мегӯяд, аз замони шунидани хабари боздошти шавҳараш бо як иттиҳоми, ба гуфтаи ӯ, «бепояву асос» ба худ наомадааст ва аҳволи рӯҳиаш хеле нохуб аст. Ӯ мегӯяд, шавҳараш як муҳаққиқи оддӣ буд ва ин иттиҳоме, ки алайҳи ӯ эълон кардаанд, хандаовар аст.

Хонум Содиқова ҳангоми сӯҳбат боздошти шавҳарашро як «нофаҳмии бузург» донист ва изҳори умедворӣ кард, то зодрӯзи ягона фарзандашон ӯро озод хоҳанд кард. Ӯ афзуд: «Бовар дорам, ки ӯро раҳо хоҳанд кард. Ба наздикӣ зодрӯзи духтарчаамон ҳаст, ки умедворам, яксолагии ӯро бо ҳам таҷлил мекунем. Ҳоло ман дигар чизи аниқе дар бораи шавҳарам намедонам. Гуфтанд, ки як адвокат аз ҷониби онҳо гирифта шудааст, вале то ҳоло бо ин адвокат во нахӯрдаам. Васоити ахбори омма нисбат ба ман бо Александр наздиктар шудааст. Тамоми хабарҳо дар бораи ӯро аз матбуот мешунавам. Мехоҳам дар бораи аҳволи шавҳарам бохабар шавам, аммо онҳо дар бораи ӯ миллионҳо савол медиҳанд, ки намедонам чӣ кор кунам?»

Александр Содиқов, муҳаққиқи бахши улуми сиёсии донишгоҳи Торонтои Канада, рӯзи 16 июн дар шаҳри Хоруғ замоне боздошт шуд, ки бо як намояндаи ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон дар бораи эътирозҳои моҳи май дар маркази ин вилоят сӯҳбат мекард. Содиқовро дар ҳафтаи гузашта ба Душанбе оғоварданд ва рӯзи 19-уми июн ҳам додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори боздошти ӯро содир кард.

Дар ҳамин ҳол, Алим Шерзамонов, раҳбари созмони ҳизби мухолифи сотсиал-демократи вилояти Бадахшон, нафаре, ки Александр Содиқов ҳангоми боздошташ бо ӯ сӯҳбат мекард, мегӯяд, дирӯз аз раёсати амнияти Бадахшон занг зада, ӯро ҳам барои сӯҳбат даъват карданд, вале вай бинобар дарёфт накардани даъватномаи расмӣ аз рафтан ба ин «сӯҳбат» худдорӣ кардааст. Шерзамонов мегӯяд, ба ӯ дақиқ нагуфтаанд, ки барои чӣ даъваташ мекунанд, вале бар ин бовар аст, ки зоҳиран ӯро дар парвандаи Содиқов ҳамчун шоҳид ҷалб карданианд.

Шерзамонов ба Озодӣ ҳамчунин гуфт: «Маро гуфтанд, ки туро ба ҳайси шоҳид даъват мекунем, вале нагуфтанд, ки нисбати кадом воқеа. Лекин ҳадс мезанам, ки маро нисбат ба парвандаи Содиқов пурсиданианд. Шояд ҳам маро бо ҳамин баҳона бо ҳамон ҷурм муттаҳам созанд. Аммо ман гуфтам, ки то даъватнома нафиристед, намеоям ва шояд фардо даъватнома фиристанд. Боз то фардо интизор мешавем, ки чӣ мешавад?»

Александр Содиқов

Александр Содиқов

Мақомоти амниятии Тоҷикистон Александр Содиқовро бар асоси моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ - «хиёнат ба давлат, яъне ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, ё расонидани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст» - гумонбар медонанд.

Як манбаъ аз мақомоти тафтишотӣ, ки аз парвандаи Содиқов то андозае огаҳӣ дорад, бидуни зикри номаш гуфт, «боздоштшуда фаъолияти ҷосусиашро то ҳанӯз иқрор нашудааст, вале ҳангоми бозпурсӣ ҳолатҳоеро баён медорад, ки дар моддаи 305 ҷой доранд.»

Гуфта мешавад, мутобиқи ин моддаи Кодекси ҷиноӣ дар сурати исбот шудани иттиҳом Содиқовро аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран 5 зане, ки ба сафорати Британияи Кабир дар Душанбе ҳамла карда буданд, бо нашри як мактуб дар ҳафтаномаи «Фараж» дархости ҳабси тӯлонии Александр Содиқовро кардаанд. Бо дарназардошти номаҳои созмонҳои байналмиллалӣ барои раҳоии Содиқов ин гурӯҳи занҳо навиштаанд, ки «кормандони ҳифзи ҳуқуқ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистоне, ки барои сар назадани ҷанги шаҳрвандӣ, баҳри амнияту суботи кишварамон ҷамъомадагонро ҷавобгар карданду Содиқов беҷазо мемондааст.»

Унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада Александр Содиқови 31-сола зодаи ноҳияи Панҷакент буда, дар Душанбе таҳсил кардааст ва аз соли 2011 дар Канада ба сар мебурд. Вай гуфтааст, ин бор барои итмоми кори доктории худ дар илми низоъшиносӣ ба Тоҷикистон омада буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG