Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лондон боздошти Содиқовро бо Аслов дар миён мегузорад


Александр Содиқов

Александр Содиқов

Бритониё мегӯяд, аз боздошти Александр Содиқов "нигарон аст." Баъди боздошти Содиқов як муҳаққиқи дигари ғарбиро аз Тоҷикистон ҳатто "гурезондаанд", ки ӯро ҳам бо гумони ҷосусӣ нагиранд.

Ҳукумати Бритониё мегӯяд, аз боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавон дар Тоҷикистон нигарон аст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Бритониё рӯзи 27-уми июн дар як посухи катбӣ ба номаи Радиои Озодӣ навишт: Мо аз боздошти Александр Содиқов, донишҷӯ ва пажӯҳишгар, ки рӯзи 16-уми июн боздошт шуд, нигарон ҳастем.” Сухангӯи вазорат ба баёнияи муштараки кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ишора карда ва гуфтааст, ки Бритониё ҳамроҳ бо аъзои дигари ин созмон аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, доир ба боздошту ҷойи нигаҳдошт ва вазъи сиҳатии Содиқов иттилоъ бидиҳад. Александр Содиқовро, ки бо Донишгоҳи Эксетери Бритониё ҳамкорӣ мекард, бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи як кишвари хориҷӣ дастгир кардаанд ва ҳоло ӯ ба “хиёнат ба Ватан” ва “ифшои асрори давлатӣ” муттаҳам мешавад.

Зоҳиран сарнавишти Александр Содиқов дар мулоқоти қарибулвуқӯъи Виялм Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё бо Сироҷиддин Аслов, ҳамтои тоҷикаш баррасӣ мешавад. Дар вазорати умури хориҷии Бритониё гузоришҳо дар бораи бардоштани ин масъала дар мулоқотро тасдиқ ва ё инкор накарданд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Лондон рӯзи 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Сироҷиддин Аслов ба зудӣ бо як ҳайат ба Бритониё сафар мекунад ва қарор аст, бо Вилям Ҳейг низ гуфтугӯ дошта бошад. Рӯзи сафар ҳанӯз мушаххас нашудааст, вале баронесса Вивен Стерн, як вакили порлумони Бритониё, ки моҳи май аз Тоҷикистон боздид карда буд, интизор меравад, ки сафари Аслов ба Бритониё дар моҳи июл доир шавад.

Сафари дипломати баландпояи Тоҷикистон ба Бритониё ба думболи боздошти Александр Содиқов ва ҳамлаи гурӯҳе аз занон ба бинои сафорати Бритониё дар Душанбе сурат мегирад. Ин ҳодисаҳо бешак ба равобити ду кишвар, ки то ҳол орӣ аз ин гуна ҷанҷолҳо будааст, таъсири манфӣ гузошт. Мақомоти Тоҷикистон Александр Содиқов, пажӯҳишгари 31-сола ва сокини шаҳри Душанберо ба ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ муттаҳам карданд, вале номи кишвареро набурданд. Вале ахиран дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” минбари расмии ҳукумати Тоҷикистон мақолае нашр шудааст, ки дар он муаллиф умдатан ангушти иттиҳомро ба сӯи Бритониё карда ва ҳадафи сафари Робин Орд-Смит, сафири Бритониё ба Хоруғро зери суол бурдааст.

Робин Орд-Смит

Робин Орд-Смит

Рӯзи 10-уми июн, замоне ки Робин Орд-Смит ба Хоруғ рафт, як гурӯҳе аз занон дар назди бинои сафорати Бритониё дар Душанбе ҷамъ шуда, ба сӯи он сангу шиша андохтанд. Шоҳидон мегӯянд, аз забони эътирозгарон ҳарфҳое дар бораи Бадахшон шунида мешуд.

Сафири Бритониё баъд аз ором шудани авзоъ ба Хоруғ сафар карда буд. Дар ҷараёни ин муноқиша дар ин шаҳр дар рӯзҳи 23 ва 24-уми май, ки ба гуфтаи мақомот ҳангоми амалиёт барои боздошти қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифт, 3 нафар аз ҷумла як афсари пулис кушта шуданд. Баъди ин теъдоде аз сокинони Хоруғ бинои раёсати умури дохилӣ ва додситонии вилоятро оташ заданд.

Ва дар таҳаввулоти марбут ба ин ҳодиса, як нашрияи бритониёӣ навиштааст, ки баъди боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавон дар Хоруғ, як донишманди бритониёӣ маҷбур шуд, Тоҷикистонро тарк кунад. Ба навиштаи “Вестерн Морнинг Нюс”, Ҷон Ҳезершоу, устоди Донишгоҳи Ексетери Бритониё, ки замони боздошти Александр Содиқов дар Душанбе буда, ҳатто раҳбарии илмии ӯ муаррифӣ мешавад, аз тарси таҳдид ба амнияташ як шабро дар сафорати Бритониё дар Душанбе сипарӣ кардааст ва рӯзи баъд кормандони сафорат ӯро барои бозгашт ба Ландан шахсан ба фурудгоҳ гусел кардаанд.

“Вестерн Морнинг Нюс” аз қавли Ҷон Ҳезершоу навиштааст, ки “гӯё чунин тасаввур ҳосил шуд, ки ман ҳалқаи ҷосусиеро мудирият мекунам ва мумкин аст, онҳо маро дастгир кунанд. Аз ин рӯ сафорат ба ман тавсия дод, ки Тоҷикистонро тарк кунам”. Ҷон Ҳезершоу ба “Вестерн Морнинг Нюс”гуфтааст, ки сафири Бритониё ӯро ба фурудгоҳ гусел кардааст ва ҳоло ӯ мутмаин аст, ки баъди 12 соли кор ӯро дар Тоҷикистон “фарди мамнӯъулвуруд” эълон кардаанд.

Донишманди бритониёӣ гуфтааст, агар бо пажӯҳишгарон дар Тоҷикистон чунин муносибат кунанд, ӯ майли бозгашт ба кишварро надорад. Дар идомаи сӯҳбаташ Ҷон Ҳезершоу гуфтааст, ки аз боздошти Александр Содиқов, ки ба ғайр аз пажӯҳиш кори дигаре намекард, такон хӯрдааст ва аз шароити нигаҳдошти ӯ нигарон аст.

Содиқов барои таҳқиқи эътирозҳои моҳи май ба Хоруғ рафта буд

Содиқов барои таҳқиқи эътирозҳои моҳи май ба Хоруғ рафта буд

Ҷон Ҳезершоу, ки ҳамроҳ бо Александр Содиқов дар барномаи “Қудратҳои дар ҳоли суъуд ва мудирияти муноқишаҳо дар Осиёи Марказӣ” кор мекард, мегӯяд, ки иддаҳо дар бораи пажӯҳишгари 31-солаи тоҷикистонӣ бепояву асос аст. Александр Содиқовро, пажӯҳишгари Донишгоҳи Торонтои Канада рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ боздошт карданд ва сипас бо намоиши видеои бозпурсии ӯ дар телевизиони шаҳри Хоруғ гуфтанд, ки Александр Содиқов ба “ҷосусӣ ва хиёнат ба ватан” муттаҳам мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои илмӣ дар саросари ҷаҳон аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки Александр Содиқовро аз ин боздошт раҳо кунад. Рӯзи 27-уми июн дар иддае аз донишгоҳҳо, аз ҷумла Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дар Амрико ва дар Донишгоҳи Ексетери Бритониё нишасте бо ҳузури донишмандон сурат мегирад, ки дар он сарнавишти Александр Содиқов ва ҳам мушкилоти мавҷуд дар кори пажӯҳишгарон дар саросари ҷаҳон баррасӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG