Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Бритониё хостори рӯшанӣ дар қазияи Содиқов шуд


Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит дар сафҳааш дар Твиттер аз боздошт шудани Александр Содиқов изҳори нигаронӣ кард ва мегӯяд, ҷӯёи рӯшанӣ дар ин қазия аст.

Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит дар сафҳааш дар Твиттер аз боздошт шудани Александр Содиқов изҳори нигаронӣ кард ва мегӯяд, ҷӯёи рӯшанӣ дар ин қазия аст. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн изҳор дошт, Александр Содиқов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Хоруғ боздошт шуда буд, ба нафъи хадамоти ҷосусии яке аз кишварҳои хориҷӣ кор мекардааст.

Бино бар хабарҳо Содиқов ҳангоми мулоқот бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар Хоруғ боздошт шудааст ва ҳарчанд бархе аз манобеъ мегӯянд, пас аз бозпурсӣ ӯро озод кардаанд, раҳо шудани ӯро касе надидааст ва ӯ бо хонаводааш дар тамос нашудааст.

Алим Шерзамонов, муовини раиси ҲСД дар Бадахшон мегӯяд, Александр Содиқов, ҳанӯз чанд моҳ қабл бо ӯ аз Торонто тамос гирифта, хоҳиши мулоқотро карда будааст. Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, то он даме, ки боздошт шавад, Александр Содиқов, тӯли яку ним ним соат бо ӯ дар мавриди ҳодисаҳои соли 2012 - и Хоруғ сӯҳбат намудааст.

Алим Шерзамонов, афзуд, «саволҳои Александр ягон характери ҷосусӣ надошт, балки саволҳое, буданд, ки аслан аз сӯи пажӯҳишгоҳҳо тартиб дода мешаванд. Александр ният дошт ҳамчунин бо худи намояндагони мақомоти вилоят низ дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад, аммо ба ӯ чунин имкониятро надоданд. Мулоқоти мо низ ба таври махфӣ сурат нагирифта буд, балки мо ошкоро дар боғи марказӣ дар миёни мардум сӯҳбат доштем. Агар ӯ воқеъан бо ягон хадамоти ҷосусӣ ҳамкорӣ мекард, пас чаро Кумитаи Амнияти Миллӣ ӯро дар Душанбе боздошт накард. Сабаби боздошти ӯро ман ба он рабт медиҳам, ки вай пеш аз дигарон бо ман сӯҳбат кард.»

Дар ҳоле, ки Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон боздошти Александр Содиқов, шаҳрванди кишварро дар Хоруғ ба ҷосусии ӯ рабт медиҳад, пайвандон ва роҳбари илмии Содиқов ин иттиҳомро дар нисбати вай бепоя мехонанд.

Ҷон Хизершоу, раҳбари илмии Александр Содиқов, дар сӯҳбат бо хабаргузории Азия-плюс аз Содиқов ба ҳайси унвонҷӯи сермаҳсули донишгоҳи Торонто тавсиф кардааст, ки аз рӯи шартнома бо Донишгоҳи Экcетери Бритониё ба пажуҳиши таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳалли низоъ машғул аст. Ҳамзамон ҷаноби Хизрешоу тасдиқ кардааст, ки рӯзи 11 июн бо Александр дар Душанбе мулоқот доштааст ва онҳо ҳамроҳ танҳо ҷузъиёти кори илмии ӯро баррасӣ кардаанд. Вай ҳамчунин афзудааст, ки аз рӯи ҳамин тарҳ дар Қирғизистон ҳам пажӯҳиш анҷом мешавад.

Зимнан чанд нафар аз пажӯҳишгарони хориҷӣ низ аз боздошти Александр Содиқов дар Хоруғ изҳори нигаронӣ кардаанд. Кристиан Блуер, муаллифи китоби “Таърихи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон” боздошт ва ба ҷосусӣ муттаҳам кардани Александр Содиқовро “девонагии мутлақ” хондааст.

Дар ҳамин ҳол пайвандони Александр Содиқов мегӯянд, вай аз рӯи барномаи Шӯрои илмии Британия ба Хоруғ сафар дошта ва маводи ҷамъовардаашро мебоист барои рисолаи илмияш истифода мекард.

Равшан Абдуллоев, яке аз дӯстони Александр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «Александр барои ду ҳафта ба Душанбе омад ва ман бо ӯ сӯҳбат доштам. Ӯ гуфт, ки барои пажӯҳиш ба Тоҷикистон омадааст ва дар Хоруғ бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва мақомоти ин вилоят мулоқот мекунад. Ман ба ин иттиҳом бовар надорам, чун вай нафаре нест, ки миллат ва ё ватанашро бифурӯшад.»

Александр Содиқов зодаи шаҳри Панҷакент буда, пас аз хатми Донишгоҳи славянии Тоҷикистон дар Душанбе, дараҷаи устодиро дар Донишгоҳи Лидс гирифта, аз соли 2011 докторанти Донишгоҳи Торонтои Канада аст. Дар солҳои гуногун ӯ ҳамчунин дар чанд созмон байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА ва Юнисеф кор кардааст.

Боздошти Александр Содиқов дар Хоруғ

Бино ба хабарҳои 16-уми июн, маъмурони амниятӣ дар Хоруғ Александр Содиқов, ки худашро устоди донишгоҳи Торонтои Канада муаррифӣ кардааст, боздошт кардаанд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон мегӯянд, афсарони умури дохилӣ ва амният мулоқоти онҳоро бо сиёсатшинос Александр Содиқов, ки худро устоди департаменти сиёсии Донишгоҳи Торонто муаррифӣ кардааст, ба ҳам зада, ҷаноби Содиқовро ба самти номаълум бурдаанд.

Алим Шерзамонов, раиси бахши вилоятии ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 16-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки вақте Александр Содиқов дар боғи марказии Хоруғ бо ӯ мулоқот дошт, муовини сардори раёсати корҳои дохилии шаҳр Сабрилишо Бандалиев ва ду корманди мулкипӯши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ назди онҳо омаданд ва хостанд ҳардуро боздошт кунанд. Аммо баъд аз исрори Шерзамонов ва тарафдоронаш ӯро вогузошта, пажӯҳишгари хориҷиро бо худ бурдаанд. Онҳо гуфтаанд, мехоҳанд, ҳадафи сафари Содиқов ба Хоруғ ва мулоқоташ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро рӯшан кунанд.

Ин дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Шерзамонов, ӯ ба пурсишҳои Содиқов дар бораи сабабҳои сар задаи ошӯби моҳи май дар Хоруғ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли осоишта он посух медод.

Дар тамоси телефонӣ навбатдори бахши корҳои дохилии Хоруғ аз боздошти Александр Содиқов, ки бино бар санадҳояш, корманди департаменти улуми сиёсии Донишгоҳи Торонто будааст, изҳори бехабарӣ кард. Вай гуфт, ки агар ин нафар боздошт шуда бошад ҳам, вале ба бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ оварда нашудааст.

Алесандр Содиқов дирӯз 15-уми июн барои таҳқиқи масъалаҳои марбут ба нооромиҳои ахири Хоруғ ва ҳалли он аз тариқи гуфтушунид ба Бадахшон омадааст. Алим Шерзамонов мегӯяд, суоли аслии Содиқов ин буд, ки дар баъзе манотиқи дунё дар паи муноқишаҳои монанд ба ҳодисаи моҳи майи Хоруғ ҷанги шаҳрвандӣ сар мезананд, вале чӣ гуна дар Тоҷикистон тарафҳо тавонистанд ин буҳронро бо роҳи мусолиҳа ҳал кунанд?

«Ба ҳамин суол посух медодам, ки кормандони умури дохила ва амният омада Алесандр Содиқовро бурданд,» - гуфт Шерзамонов ба Радиои Озодӣ.

Александр Содиқов зодаи шаҳри Душанбе буда, дар ҳоли ҳозир дар Канада ба сар мебарад ва бо як силсила нашрияи интернетӣ ҳамкорӣ мекунад.

Рӯзи 21 май дар як тирпарронӣ дар маркази шаҳри Хоруғ 3 нафар кушта ва 4 тан захмӣ шуданд. Мақомот мегӯянд, ки ин тирпарронӣ дар ҷараёни амалиёти боздошти як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир сурат гирифта буд. Аммо сокинони шаҳр мегӯянд, дар ин тирандозӣ раҳгузарон низ осеб дидаанд.

Ба дунбол садҳо нафар ба нишони эътироз ба кӯчаҳо рехтаанд ва як гурӯҳи ҷавонони башӯромада биноҳои милисаву амният ва додситониро оташ заданд. Ҳамин тавр, шаби 22 ба 23 май дар як ҳодисаи дигар дар Хоруғ, ки мақомот қасди ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои идораи амнияти вилояти Бадахшон унвонаш карданд, боз як нафар кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд.

Эътирозҳо дар Хоруғ бо талаби муҷозоти гунаҳкорони тирпарронии рӯзи 21 май 4 рӯз давом кард ва шоми 25 май бо имзои як протокол байни намояндагони "ҷомиаи шаҳрвандӣ"-и Бадахшон ва ёвари раисиҷумҳур генерал Шералӣ Хайруллоев, ки ҳамроҳ бо вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода аз Душанбе барои ҳалли бӯҳрон ба Хоруғ омадааст, ба поён расид. Аз 9 талаби эътирозгарон мақомот талаби қонунӣ кардани гирдиҳамоӣ ва ба ҷавобгарӣ накашидани ҷавононони эътирозгарро қабул накардаанд.

Аммо аъзои кумиссиюни муштарак аз ҷониби «ҷомеаи шаҳрвандӣ» мегӯянд, комиссиюн дар ҳоле ба кори худ шурӯъ мекунад, ки раҳбарони ниҳодҳои интизомиву амниятии маҳаллии шаҳр ҳамоно аз мансабҳояшон барканор нашудаанд ва метавонанд раванди тафтишро халалдор кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG