Пайвандҳои дастрасӣ

Ин бозии даври аввали Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» байни «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва«Сувайк», қаҳрамони секаратаи Уммон, дар варзишгоҳи «Сиб Стэдиум»-и шаҳри Масқат соати 20:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ба иттилои Дилшод Шарифов, менеҷери «Равшан», даста шаби 22-юми феврал бо шумули 24 нафар, аз он ҷумла 17 футболбоз, ба Уммон сафар кард. Вале нимҳимоятгари “Равшан” Абдусамад Ҳоҷибоев ба иллати лат хӯрдани зонуяш ба Уммон рафта натавонист.


Ҳайати дастаи “Равшан”: дарвозабонҳо - Рустам Ризоев, Неъматулло Тошев, ҳимоятгарон - Содиқ Мӯсо, Алексей Неъматов, Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Саидхони Амрохон, Фаридун Рустамов, нимҳимоятгарон - Сайриддин Ғаффоров, Ҳикматулло Расулов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Бахтиёр Ҳасанов, Комрони Саидзод, ҳамлагарон - Соломон Течи, Давронҷон Тухтасунов, Нуъмонҷон Ҳакимов ва Наврӯз Рустамов.
Сармураббӣ: Ғайраталӣ Мираҳмадов, мураббии калон Маъруф Рустамов.


Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Ироқ бо раҳбарии Муҳанад Қосим Саррой доварӣ мекунанд. Ба ӯ доварони марзи майдон Наҷаҳ Раҳам Рашид Ал-Ҳамайда ва Муаяд Муҳаммад Алӣ кӯмак мерасонанд. Довари чаҳорум Ферас Тавил аз Сурия ва комиссари бозӣ Ҳамид Муъминируҳӣ таъин шудаанд.

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Сувайк» (Уммон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк» (Уммон)

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк» (Уммон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк» (Уммон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сувайк» (Уммон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сувайк» (Уммон) - «Зат Рас» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG