Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Сочи бо пирӯзии Русия ба анҷом расид


Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия мақоми аввалро касб кард.

Мизбони бозиҳо - варзишгарони Русия ҳам бо назардошти сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо ғолиб шуданд. Русиягиҳо ҳамагӣ 33 медал - 13 тилло, 11 нуқра ва 9 биринҷӣ ба даст оварданд. Мунтахаби Норвегия, ки 26 медал - 11 тилло, 5 нуқра ва 10 биринҷӣ гирифт, ҷойи дувумро соҳиб шуд. Тими Канада бо касби 25 медал - 10 тилло, 10 нуқра ва 5 биринҷӣ ҷойи севумро азони худ кард. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 28 медал – 9 тилло, 7 нуқра ва 12 биринҷӣ дар мақоми чорум ва дастаи Ҳолланд бо касби 24 медал (8 тилло, 7нуқра ва 9 биринҷӣ) дар мақоми панҷум қарор гирифтанд.

Умуман, варзишгарони 26 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст оварда, намояндагони 21 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шуданд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо мунтахаби Русия бо 33 медал ҷойи аввал, варзишгарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 28 медал ҷойи дувум ва тими Норвегия бо 26 медал ҷойи севумро касб карданд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, мунтахаби Беларус бо панҷ нишони тиллову як биринҷӣ дар мақоми 8-ум, Украина бо як нишони тилло ва як биринҷӣ дар мақоми 20-ум, Латвия бо ду нишони нуқра ва ду биринҷӣ дар мақоми 23-юм, Қазоқистон бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 26-ум ҷойгир шуданд. Вале варзишгарони 9 кишвари дигар, минҷумла Тоҷикистон, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо Туркманистон дар Олимпиадаи Сочи ширкат надошт.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Русия 13 11 9 33
2 Норвегия 11 5 10 26
3 Канада 10 10 5 25
4 ИМА 9 7 12 28
5 Ҳолланд 8 7 9 24
6 Олмон 8 6 5 19
7 Швейтсария 6 3 2 11
8 Беларус 5 0 1 6
9 Австрия 4 8 5 17
10 Фаронса 4 4 7 15
11 Лаҳистон 4 1 1 6
12 Чин 3 4 2 9
13 Корея 3 3 2 8
14 Шветсия 2 7 6 15
15 Ҷумҳурии Чех 2 4 2 8
16 Словения 2 2 4 8
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
Ҷопон
Финляндия
Британия
Украина
Словакия
Италия
Латвия
Автралия
Хорватия
Қазоқистон
1
1
1
1
1
0
0
0
0
0
4
3
1
0
0
2
2
2
1
0
3
1
2
1
0
6
2
1
0
1
8
5
4
2
1
8
4
3
1
1

Маросими ботантана пӯшидашавии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи шаби якшанбе, 23-юми феврал, баргузор шуд.

Ин маросими пуршукӯҳ дар варзишгоҳи “Фишт” барпо гардид. Дар парад ё намоиш 2 856 варзишгар, ки намояндагони 88 кишвар буданд, ширкат доштанд. Сипас ба тамошобинон дар бораи мероси фарҳангии Русия намоишномае ҷаззобе пешкаш шуд.

Баъдан Анатолий Пахомов, шаҳрдори Сочи, парчами олимпиро ба Томас Бах, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ, супурд. Раиси КБО парчами олимпиро ба Ли Сок Рэ, шаҳрдори Пёнчҳони Кореяи Ҷанубӣ, ки Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ соли 2018 дар он ҷо мегузаранд, супурд.

Дар ин маросим Томас Бах, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Дмитрий Чернишенко, раҳбари кумитаи тадорукоти «Сочи-2014», суханронӣ карда, ширкаткунандагони бозиҳо, тамошобинону меҳмонон ва мизбононро бо анҷоми муваффақонаи бозиҳо табрик гуфтанд. Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Бозиҳои XXII зимистонаи олимпиро пӯшида эълон кард.



Маросим бо намоишномае бо ширкати рамзҳои Олимпиадаи «Сочи-2014» — Хирсак, Харгӯшак ва Паланг, ки ҳаяҷоновар буд, ба поён расид. Оташи олимпӣ дар Сочи хомӯш гардид.

Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат карданд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохил буданд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Дар рӯзи охирини Олимпиадаи Сочи тими Канада дар бозии ниҳоӣ оид ба хоккей байни дастаҳои мунтахаби мардона бар Шветсия бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд.
Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ Тоҷикистонро танҳо як варзишгар - Алишер Қудратов – намояндагӣ кард. Вале ӯ дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ оид ба слалом ноком шуд.

Ин мусобиқа байни мардон шоми шанбеи 22-юми феврал дар Маркази лижаронии Роза Хутори Сочи барпо гардид. Аз 117 нафар варзишгарон, ки дар даври аввал ширкат доштанд, танҳо 77 нафарашон ба марра расиданд ва дар даври дувум барои медалҳо мубориза бурданд.

Ва аммо дигарон, аз он ҷумла Алишер Қудратов, ки ба марра нарасиданд, аз ҳаққи ширкат дар даври дувум маҳрум шуданд. Ба ин тартиб, дар слалом байни мардон Марио Матт аз Австрия бо натиҷаи умумии 1:41,84 мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Марсел Хиршер (Австрия, 1:42,12) бо медали нуқра ва Ҳенрик Кристофферсен (Норвегия, 1:42,67) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Варзишгари Узбакистон Артём Воронов (2:10,98) ҷойи 40-ум ва намояндаи Қирғизистон Евгений Тимофеев (2:15,43) ҷойи 43-юмро гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, Андрей Дригин танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2006 дар Турини Италия ва соли 2010 дар Ванкувери Канада дар навъҳои мухталифи мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.

Дар Олимпиадаи Солт-Лейк-Сити Андрей дар як намуд - супергигант ширкат кард, вале, мутаассифона, ба марра нарасид. Дар Олимпиадаи Турин бошад, вай дар се намуд иштирок дошт, ки натиҷаҳои ба даст овардааш чунинанд: нишебии босуръат - 1:59,41, ҷойи 51-ум, супергигант – 1:37,85, ҷойи 51-ум, гигантслалом – ба марра нарасид.

Дар Олимпиадаи Ванкувер низ ӯ дар се намуд иштирок дошт, ки натиҷаҳо чунинанд: нишебии босуръат - 2:04,44, ҷойи 59-ум, супергигант – 1:38,03, ҷойи 44-ум, гигантслалом –2:55,29, ҷойи 57-ум.

Алишер Қудратов бошад, соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат наварзидааст. Ӯ дар маросими кушоиши Бозиҳои Ванкувер ва Сочи парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Натоиҷи Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ
Ванкувер, Канада
12 – 28 феврали соли 2010

Ҳисоби медалҳо
Ҷ Кишвар Т Н Б Ҳ
1 Канада 14 7 5 26
2 Олмон 10 13 7 30
3 ИМА 9 15 13 37
4 Норвегия 9 8 6 23
5 Кореяи Ҷанубӣ 6 6 2 14
6 Швейтсария 6 0 3 9
7 Шветсия 5 2 4 11
8 Чин 5 2 4 11
9 Австрия 4 6 6 16
10 Ҳолланд 4 1 3 8
11 Русия 3 5 7 15
12 Фаронса 2 3 6 11
13 Австралия 2 1 0 3
14 Ҷумҳурии Чех 2 0 4 6
15 Лаҳистон 1 3 2 6
16 Италия 1 1 3 5
17 Беларус 1 1 1 3
18 Словакия 1 1 1 3
19 Британия 1 0 0 1
20 Ҷопон 0 3 2 5
21 Хорватия 0 2 1 3
22 Словения 0 2 1 3
23 Латвия 0 2 0 2
24 Финляндия 0 1 4 5
25 Эстония 0 1 0 1
26 Қазоқистон 0 1 0 1

Эзоҳ: Ҷ – ҷой, Т – тилло, Н – нуқра, Б – биринҷӣ, Ҳ – ҳамагӣ.
XS
SM
MD
LG