Пайвандҳои дастрасӣ

Ғалабаи севуми “Равшан”дар бозии санҷишӣ. Ин дафъа бар “Энергетик”


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии севуми санҷишӣ бар тими «Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 3-2 ғалаба кард.

Ин бозӣ рӯзи 28-уми январ дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар доираи омодагии қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон – «Равшан» ба бозии плей-оффи Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2014 бо тими «Ал Ярмук», қаҳрамони секаратаи Яман, барпо гардид.

Голҳои “Равшан”-ро Нуъмонҷон Ҳакимов, инчунин, бозигарони мунтахаби наврасони кишвар Муҳаммадҷони Ҳасан ва Абубакр Азимов заданд. Голҳои «Энергетик»-ро Сорбон Карамов ва Шавкати Ҳотам ба самар расонданд.

«Равшан» ин бозиро бо чунин ҳайат анҷом дод: Рустам Ризоев (Неъмат Тошев), Далерҷон Тухтасунов, Алексей Неъматов, Фаридун Рустамов, Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов (Абубакр Aзимов), Комрони Саидзода (Зариф Рустамов), Ҳикматулло Расулов, Сайриддин Ғаффоров, Нуъмонҷон Ҳакимов (Муҳаммадҷони Ҳасан), Давронҷон Тухтасунов.

Ба ин тартиб, «Равшан» то бозӣ бо «Ал-Ярмук» се бозии санҷишӣ карда, дар ҳарсеаш ғолиб омад. Ёдовар мешавем, ки «Равшан» дар бозии аввали санҷишӣ бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 4-0 ва дар бозии дувуми санҷишӣ бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғалаба карда буд. Таносуби тӯбҳои даста – 8-2 мебошад.

Ҷовидон Бобоев, сухангӯи бошгоҳи футболи “Равшан”, ба радиои Озодӣ гуфт, “се легионери африқоии даста аз Гана - Соломон Течи, Мӯсо Содиқ ва Аккуфо Гершон, ки дар таътил буданд, рӯзи 31-уми январ ба Тоҷикистон бармегарданд ва дар ҷамъомади таълимиву тамринии “Равшан”, ки дар шаҳри Турсунзода ҷараён дорад, ширкат меварзанд.”

Ба иттилои сухангӯи “Равшан”, дастаи “Ал-Ярмук» субҳи панҷшанбе, 30-юми январ, ба Душанбе меояд ва аз фурудгоҳ меҳмононро бо автобус ба шаҳри Турсунзода ба меҳмонхонаи «Ширкент» мебаранд.

Бозии «Равшан» бо «Ал Ярмук» рӯзи якшанбе, 2-юми феврал, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода соати 13:00 шурӯъ мешавад. Нархи билет барои тамошои ин бозӣ 10 сомонӣ мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG