Пайвандҳои дастрасӣ

С.Баротов: "Зимни раҳоии писарам 3 қочоқчӣ кушта шудаанд"


Волидони Мирмад Баротов, ҷавони 30-солаи сокини ноҳияи Шӯробод мегӯянд, ки кормандони кумитаи марзбонӣ фарзандашро сиҳат саломат ба хона баргардонданд.

Суҳбат Баротов, падари Мирмад Баротов, сокини Шӯробод, ки дар пайи як амалиёти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва мақомоти умури дохилаи Афғонистон аз асорати гурӯҳи мусаллаҳи афғон раҳо шуд, рӯзи 12-уми декабр ба радиои "Озодӣ", гуфт бо вуҷуди муқовимати мусаллаҳонаи марзбонҳо ва гурӯҳи мусаллаҳ, мақомот беосеб писарашро ба ӯ бозпас доданд: «Вақте ки писари маро озод кардаанд, дар вақти амалиёт се қочоқбаре, ки Мирмадро дар гарав медоштанд кушта шуданд, ман ба кормандони мақомоти худамону Афғонистон ташаккур мекунам, ки бачаи маро озод карданд ва ба назди фарзандонаш баргардонданд.»

Вай афзуд, ки қочоқбарон барои ҳарчӣ зудтар соҳиб шудан ба 20 ҳазор доллар ба фарзандаш ҳеҷгуна фишор наовардаанд. Вай гуфт, ки вазъи равонии Мирмат бисёр хуб аст ва вай ба зиндагии маъмулиаш сар кардааст.

«Онҳо (қочоқбарон) фарзандамро кордор нашудаанд, фақат ҳамроҳашон менишстааст ва вақти хӯрдан якҷо будаанд, ҳеҷ гуна азият надодаанд.»

Рӯзи 4-уми декабр, вақте Кумитаи марзбонии Тоҷикистон аз раҳо шудани Мирмад хабар дод, волидонаш ҳанӯз ӯро надида буданд. Мақомоти марзбонӣ низ танҳо бо пахши хабари раҳоии ин сокини ноҳияи наздимарзӣ иктифо карданд ва дар бораи ҳалокати се узви гурӯҳи мусаллаҳ иттилое надоданд.

Гурӯҳе аз афғонҳои мусаллаҳ шаби 10-ум ба 11-уми ноябр ҷавони 30-солаи сокини деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротовро ба гарав гирифта, ба самти номаълум рафта буданд. Ба гуфтаи сокинони Зардолувак, даҳ марди мусаллаҳ, ки бо лаҳҷаи афғонӣ сӯҳбат мекардаанд, вориди деҳаи онҳо шуда, аз сокинон маводи озуқа пурсидаанд ва Мирмад Баротовро бо худ бурданд

Ба дунбол, афроди мусаллаҳ аз волидайни ин сокини рабудашудаи Шӯрообод барои раҳоии фарзандашон 20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд. Қаблан, гуфта мешуд, ки афғонҳо Олими Сӯҳбат, бародари ин ҷавонро ба гарав бурдаанд, аммо мақомоти Шӯрообод баъдан гуфтанд, ки шахси ба гаравафтода Мирмад Баротов, соли таваллудаш 1983 аст, ки се фарзанд дорад.

Қаблан Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон рӯзи 27-уми ноябр ба радиои «Озодӣ» гуфта буд, ки аз ҳодисаи ба гарав бурда шудани як ҷавони шӯроободӣ аз тарафи гурӯҳи мусаллаҳи афғон огоҳ ҳастанд, аммо мушкиле, ки дар амри раҳоии вай пеш омадааст, бо ин гурӯҳҳо ҳамкор будани ин ҷавон мебошад. Аммо падари ҷавони ба гаравафтодаи тоҷик ҳарфи муовини сафири Афғонистонро, ки писарашро «ҳамкори қочоқчиёни афғон» унвон кардааст, тӯҳмат ва беасос дониста буд.

Сӯҳбат Баротов дар вокуниш ба суханони муовини сафири Афғонистон дар Душанбе гуфта буд, «чунин як тӯҳматро дар тамоми умраш бори аввал мешунавад». Ӯ гуфт, масъулини сафорат бо чунин тӯҳмат масъулияти раҳоии писарашро аз дасти шаҳрвандони Афғонистон, ба канор мегузоранд.
XS
SM
MD
LG