Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афроди мусаллаҳи номаълум аз волидайни як сокини рабудашудаи Шӯрообод барои раҳоии фарзандашон 20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд.

Мирмад Баротов, сокини 30 солаи деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯрообод ним моҳи пеш аз ҷониби афроди силоҳбадасти номаълум, ки бо лаҳҷаи афғонӣ сӯҳбат мекарданд, рабуда шуда буд.

Дилбар Саъдуллоева, раиси ҷамоати Шӯроободи ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, дар бораи ин ҳодиса ба онҳо раиси маҳалла ҳамон замон хабар дод ва онҳо зуд мақомоти қудратиро огоҳ карданд. Ӯ гуфт: «Аз ин бача хоҳиш карданд, то борҳои вазнини онҳоро бибарад. Онҳо аз сокинон нону об гирифтанд ва ин бачаро гуфтаанд, то борҳояшонро бибарад. Ҳамин тавр ин бачаро гирифта бо худ бурдаанд. То ҷое мо хабар ёфтем, тариқи телефон афғонҳо аз волидайни ин ҷавон барои раҳоӣ 20 ҳазор доллар талаб кардаанд. »

Хонум Саъдуллоева ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҳоло мақомоти интизомии ноҳия талош доранд, то гаравгонро сиҳату саломат озод кунанд. Мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб ба хотири зиён нарасидан ба ин гаравгон, ҷузиёти фаъолияташонро ошкор намекунанд.

Сӯҳбат Баротов, падари ин ҷавони ба гаравафтода гуфт, то раҳо шудани писараш наметавонад дар ин бора ба тафсил сӯҳбат кунад. Ӯ гуфт: «Агар сиҳату саломат ҷавобаш доданд, ба меҳмонӣ биёед, он гоҳ бо шумо дар сари як пиёла чой сӯҳбат мекунем. Ҳамин қадар ҳозир гуфта метавонам, ки писарам сиҳату саломат аст.»

Як сокини деҳаи Зардолувак бидуни ифшои номаш гуфт: «Ҳамон рӯз кормандони КГБ-ву милиса омаданд, вале аз болои деҳа он тараф рафта натавонистанд. Чанд корманди ҷавонтараш пурсидем, ки чаро рафта афғонҳоро намезанед, гуфтанд, ки мо беҳуда худамонро қурбон намекунем. Ҳозир телефон кардаанд ва ба гуфтае бачааш дар Шпелов дар гарав аст. Мавзеи Шпелов дар лаби дарёи Панҷ аст, ки то он ҷо рафтан мушкил аст. Ҳозир боз барф задааст, ҳама ҷо маҳкам аст.»

Ним моҳи пеш, соатҳои ҳашти бегоҳ, ба гуфти сокинон даҳ марди мусаллаҳ вориди деҳаи Зардолувак шуда, аз сокинон маводи озуқа пурсидаанд.
Қаблан, гуфта мешуд, ки афғонҳо Олими Сӯҳбат, бародари ин ҷавонро ба гарав бурдаанд, аммо ба гуфтаи раиси ҷамоати Шӯрообод шахси ба гаравафтода Мирмад Баротов, соли таваллудаш 1983 аст, ки се фарзанд дорад.

Шӯрообод, бо Афғонистон марзи душворназорат дорад, ки ҳар сол ҳодисаи ба гарав бурдани сокинон ба мушоҳида мерасад.

Аммо сокинон мегӯянд, нобуд кардани гурӯҳҳои қочоқбар он қадар кори мушкиле нест, вале бо сабабҳои номаълум мақомот ин корро намекунанд. Бо ин далел сокинон тахмин мезананд, ки афроде дар мақомоти қудратӣ аз мавҷудияти ин гурӯҳҳо манфиат мебинанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки 21-уми марти соли ҷорӣ чаҳор сокини бесилоҳи Шӯрообод се қочоқчии маъруфи мусаллаҳро ба ҳалокат расониданд ва танҳо дар ин миён як сокини маҳаллӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG