Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарти қочоқбарон дар Шӯрообод: "Пулро наоред, сари гаравгонро мебуррем!"


Қочоқбарони афғон, ки як сокини Шӯроободро ба гарав бурдаанд, дар тамоси телефонӣ бо волидайни ӯ гуфтаанд, «агар зудтар маблағи гаравро пардохт накунед, сари писаратонро мебуррем».

Чанд тан аз сокинони деҳаи Зардолувак дар тамос бо Озодӣ гуфтанд, ки пас аз шунидани ин хабар Сӯҳбат Баротов, падари Мирмад Баротов, ки наздики як моҳ боз дар асорати афғонҳост, аз фишорбаландӣ ба бистарӣ беморӣ афтодааст.

Бинобар дар бистари беморӣ будани падари Мирмад Баротов мо натавонистем, бо падари ин гаравгон сӯҳбат кунем, аммо як сокини деҳаи Зардолувак бидуни зикри номаш гуфт: «Бобои Сӯҳбат сахт тасридааст ва ҳоло дар хона хоб аст. Имшаб мулло дуояш хонд. Мо аз худаш чизе пурсида натавонистем, аммо наздиконаш гуфтанд, ки ӯ 12 ҳазор доллар гирифта мехостааст, то ба силоҳбадастон диҳад, аммо дар сӯҳбати телефонӣ қочоқбарон гирифтани ин миқдор мабалғро рад кардаанд ва гуфтаанд, ки барояшон аз 20 ҳазор доллар ҳам зиёдтар биёранд.»

Ба гуфтаи ин сокин, то ҳанӯз Бобои Сӯҳбат наметавонад, 20 ҳазор долларро ҷамъоварӣ кунад ва шартҳои силоҳбадастони ношинос низ рӯз то рӯз дигар мешавад.

Мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, онҳо ба таври шабонарӯзӣ ба дунболи раҳоии ин сокини ба гаравафтода ҳастанд ва талош доранд, то роҳҳои бехавфтарро, ки ба гаравгон зиён нарасад, ҷустуҷӯ доранд.

Гурӯҳе аз афғонҳои мусаллаҳ шаби 10-ум ба 11-уми ноябр ҷавони 30-солаи сокини ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротовро ба гарав гирифта, ба самти номаълум рафтанд. Ин сокинон гуфтаанд, ки гурӯҳи афғонҳои мусаллаҳ ҳамчунин аз деҳа анвои хӯрока низ бо худ гирифтаанд.

Сокинон сабаби ба гарав афтодани Мирмад Баротовро намедонанд. Ҳарчанд Шӯрообод аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон аст ва дар гузашта мавориди ба гарав афтодани иддае аз сокинон ба дасти афғонҳо, ба қарздории онҳо аз маводи мухаддир унвон шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG