Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи намояндаи Тоҷикистон дар Ҷоми Рамзан Қодиров


Залимхон Юсуфов ҳангоми муҳориба.
Залимхон Юсуфов ҳангоми муҳориба.

Залимхон Юсуфов, намояндаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи V байналмилалӣ оид ба гуштии озод барои Ҷоми Рамзан Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон, барандаи медали нуқра гардид.

Ин мусобиқа бо ширкати наздики 200 варзишгар аз 13 кишвари ҷаҳон - Русия, ИМА, Беларус, Озарбойҷон, Украина, Белгия, Ҳолланд, Сербистон, Узбакистон, Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо дар маҷмааи варзишии «Олимпийск»-и шаҳри Грозний ду рӯз идома кард.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия мақоми аввалро касб намуд ва бо ҷоизаи асосии мусобиқа – Ҷоми Рамзан Қодиров мукофотонида шуд. Дастаи Озарбойҷон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 66 кг Залимхон Юсуфови 29-солаи доғистонӣ, ки аз соли 2012 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст, бар рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз ҳамдиёраш Аҳмад Чакаев, ки барои бори севум ғолиби ин мусобиқа гардид, мағлуб шуд.

Бояд гуфт, ки Залимхон Юсуфов соли гузашта дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Остонаи Қазоқистон соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 гардида, Тоҷикистонро дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ намояндагӣ карда буд.

Ба ғолибони мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои Ҷоми Рамзан Қодиров 20 ҳазор долларӣ, барои финалист 5 ҳазор доллар, барои ҷойҳои севум 2 ҳазор долларӣ ва барои мураббии қаҳрамонҳо 2 ҳазор долларӣ супурда шуданд.




Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми Рамзан Қодиров

55 кг. 1. Асадулло Лочинов (Беларус); 2. Азамат Тускаев (Русия); 3. Артём Гебеков (Русия) ва Оган Гигинян (Арманистон).


60 кг. 1. Мурод Нухкадиев (Красноярск); 2. Ҷимми Кеннеди (ИМА); 3. Ҳусейн Шаҳбонов (Беларус) ва Алберт Қоҳирхонов (Русия).


66 кг. 1. Аҳмад Чакаев (Русия); 2. Залимхон Юсуфов (Тоҷикистон); 3. Ҳоҷимурод Нуриддинов ва Амир Беруков (ҳарду — Русия).


74 кг. 1. Аҳмад Гаҷимагомедов (Русия); 2. Хетаг Тсаболов (Русия); 3. Гаҷӣ Гаҷиев (Русия) ва Арсен Маиров (Қабардину Балқар).


84 кг. 1. Муслим Дадаев (Русия); 2. Даурен Куруглиев (Русия); 3. Радион Нартикоев ва Георгий Рубаев (ҳарду — Русия).

96 кг. 1. Магомед Иброҳимов (Русия); 2. Комил Ҳусейнов (Русия); 3. Аслан Бибулатов (Русия) ва Гаҷӣ Алиҷонов (Озарбойҷон).

120 кг. 1. Давид Модзманишвили (Гурҷистон); 2. Арсланбек Алиев (Русия); 3. Зак Рей (ИМА) ва Эдуард Базров (Русия).
XS
SM
MD
LG