Пайвандҳои дастрасӣ

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни навҷавонон дар Словения мақоми панҷумро касб кард.

Дар ин мусобиқот, ки дар пойтахти Словения – Любляна баргузор шудааст, 607 нафар навҷавонону духтарони синнашон то 21-сола (358 мард ва 249 зан) аз 74 кишвар ширкат доранд. Ин мусобиқот зӯртаринҳоро аз рӯи 16 дараҷаи вазнҳо миёни писарону духтарон дар рақобатҳои инфиродӣ ва ғолибони сабқати дастаиро муайян хоҳад кард. Ин охирин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2013 ба шумор меравад. Маблағи ҷавоизи мусобиқот 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг намояндагӣ кард. Вай, ки аз даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Герго Фогаси аз Маҷористон ва дар даври севум бар Кунг Ҷин Ҳан аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуд. Вале дар даври баъдӣ аз Патрик Сичомски аз Лаҳистон мағлуб гашт. Сипас Комроншоҳ бар Михаил Марчитан аз Имороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуд. Вале барои медали биринҷӣ аз Ҳенрикю Силва аз Бразилия шикаст хӯрд.

Дар вазни то 90 кг Бека Гвинаишвили, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Самад Ессен аз Қазоқистон ғалаба кард, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Патрик Сичомски ва Ҳенрикю Силва ҷойҳои севумро соҳиб шуданд.

Рӯзи 26-уми октябр сабқати навҷавонон дар вазнҳои 100 ва беш аз 100 кг ва сабқати духтарон дар вазнҳои 78 ва беш аз 78 кг барпо мегарданд. Рӯзи 27-уми октябр барои аввалин бор дар доираи мусобиқоти ҷаҳонии навҷавонон сабқати дастаӣ баргузор мешавад.

Дар се рӯзи мусобиқот намояндагони 24 кишвар соҳибони медалҳо гардида, варзишгарони 11 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо 2 медали тилло дар мақоми аввал ҷой гирифтааст. Ҷопон бо 9 медал (1+4+4) дар ҷойи дувум ва Фаронса бо 4 медал (1+0+3) дар ҷойи севум қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG