Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар бозии дувумаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Кирмони Эрон аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0-5 шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи “D” аз тими ҷавонони Эрон бо ҳисоби 0-2 мағлуб шуда буд.

Ба ин тартиб, футболбозони ҷавони тоҷик имконияти роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқотро, ки соли оянда дар Мянмар баргузор мешавад, комилан аз даст доданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (U-19)
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи«D». Даври 2-юм.
Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ - 0:5
Голҳо: Одил Муҳаммад Ал-Мушайт, 21 (0:1). Атиах Абдулло Ал-Шмранӣ, 32 (0:2). Саад Саид Ал-Хайрӣ, 37 (0:3). Ҳамад Муҳаммад Ал-Шеҳрӣ, 89 – аз пеналтӣ (0:4). Абдулло Аҳмад Ал-Ҷоуӣ, 90+1 – аз пеналтӣ (0:5).
Тоҷикистон: Дилшод Додобоев, Зокир Иброҳимов, Парвиз Ҳамидов, Вайсиддин Сафаров (Меҳроҷиддин Музаффаров, 62), Алишери Ҳотам, Сиёвуш Мӯҳсинов, Ромиш Ҷалилов (Ойбек Абдуғаффоров, 79), Комрон Турсунов, Фирдавс Чақалов, Дилшод Саломов (Мӯҳсинҷон Парпиев, 72), Амирбек Ҷӯрабоев.
Огоҳонида шуданд: Зокир Иброҳимов, Дилшод Саломов, Ромиш Ҷалилов, Меҳроҷиддин Музаффаров, Фирдавс Чақалов (Тоҷикистон), Ҳасан Муҳаммад (Арабистони Саудӣ).

Эрон-Лубнон-6:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти гурӯҳи «D”

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 Эрон 2 2 0 0 8-1 6
2 Арабистони Саудӣ 2 2 0 0 7-1 6
3 Лубнон 1 0 0 1 1-2 0
4 Тоҷикистон 2 0 0 2 0-7 0

Даври 1-ум
8-уми октябр (сешанбе)
Эрон – Тоҷикистон – 2-0
Арабистони Саудӣ – Лубнон – 2-1


Даври 2-юм
10-уми октябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ – 0-5
Лубнон – Эрон-1-6


Даври 3-юм
12-уми октябр (шанбе)
Лубнон - Тоҷикистон
Эрон - Арабистони Саудӣ

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG