Пайвандҳои дастрасӣ

Бо Силай бо ҳукми додгоҳи Чунтсин розӣ нест


Бо Силай, сиёсатмадори маҳкумшудаи чиноӣ, эълом дошт, ки аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Чунтсин ба додгоҳи вилояти Шандун шикоят мебарад.

Сиёсатмадори замоне маъруф рӯзи якшанбе, 22 сентябр, аз рӯи се иттиҳом - фасод, ришватхорӣ ва сӯиистифода аз мақом ба ҳабси абад маҳкум шуд. Собиқ дабири кумитаи ҳизби коммунист дар шаҳри Чунтсин ва узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин моҳи марти соли 2012 аз мақому аз ҳизб ихроҷ ва аз мандати вакили парлумон маҳрум карданд. Ба иттилои мақомоти тафтишот, Бо Силай аз роҳи ғайриқонунӣ чору ним миллион долларро ба ҷайби худ задааст.

Хабаргузории Associated Press бо такя ба манбаи худ менависад, Бо Силай рӯзи якшанбе ба додгоҳ гуфт, ки аз болои ҳукм шикоят мебарад. Интизор меравад, ки аризаи хаттии ӯ ба зудӣ ба Додгоҳи олии мардумии вилояти Шандун ироа шавад.

Аммо нозрон мегӯянд, ки гумон аст бознигарии ҳукм ба нафъи Бо Силай бошад, зеро ҳукми додгоҳ – тасмими мақомоти олии Чин аст, ки сохтори додгоҳи кишварро назорат мекунад.
XS
SM
MD
LG