Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмону Рӯҳонӣ хостаанд соҳибкорони ду кишварро дар Душанбе ҷамъ оранд


Акс аз http://president.tj/ гирифта шудаст.

Акс аз http://president.tj/ гирифта шудаст.

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон хостаанд то дар шаҳри Душанбе як ҳамоиши бузурги соҳибкорону тоҷирони ду кишвар бо иштироки васеи ҷониби Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон баргузор шавад.

Дар ин бора рӯзи ҷумъаи 13-уми сентябр дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон дар шаҳри Бишкек гуфта шуд.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, ки пеш аз оғози ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд, аз ҷумла таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардидааст. Аз дафтари матбуоти президент хабар доданд, ки «бо қаноатмандӣ аз афзоиши сармоягузориҳои Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва таъсиси дигар ширкатҳои муштарак изҳори боварӣ карда шуд, ки ин кишвар дар бунёди дигар иншооти гидроэнергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад.»

Ба гуфти ин манбаъ сарони ду кишвар ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хатти интиқоли нерӯи барқ ва лӯлаҳои об ва нафт миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳамчунин роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин низ таваҷҷуҳ кардаанд.

Эрон яке аз кишварҳое ҳаст, ки бо беш аз 200 миллион доллар ҳаҷми солонаи табодули молу коло аз ҳамкорони умда дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, аз сармоягузорони муҳими иқтисоди ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Эрон нахустин кишвари хориҷист, ки ҳанӯз дар таърихи 9 январи соли 1992 сафораташро дар Душанбе боз кард. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият дошта, байни ду кишвар тайи 21 соли равобит беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Муҳимтарин тарҳҳое ки бо сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон иҷро шудаанд, яке бунёди нақби Истиқлол(Анзоби собиқ) бо 40 миллион доллар таъмини молии Теҳрон аст ва якеи дигар – тарҳи нерӯгоҳи дувуми Сангтӯда, ки бо 180 миллион доллар сармоягузории Эрон сохта мешавад.

Ҳарчанд, нақби Истиқлол ба истифода дода шудаст, вале ҳанӯз бо мушкилиҳои зиёд дохили нақбро таъмир мекунанд. Нерӯгоҳи Сангтуда-2, ки дар назар буд чархи дувумаш ба кор андохта мешуд, вале ба таъхир афтод. Чархаи аввали неругоҳи “Сангтӯда-2” 5 сентябри соли 2011 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинежод ба истифода дода шуда буд.

Равобити Теҳрону Душанбе бахусус дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод, ки тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон равобити хеле наздик ва ба таъбири худи - "бародарона"-ро ба роҳ монад, таҳким ёфт. Ба ҳадде ки дар тӯли 8 соли раёсаташ, бино ба ҳисобҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод бо раҳбари ҳеҷ як кишвари дигаре ин қадар мулоқоти рӯбарӯ надоштааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон. Оқои Раҳмон низ аз соли 2006 ба ин тараф бештар аз ҳама ва бо майли бештарин ба дидори “дӯсти теҳронӣ”-аш мешитофт.

Ба сари қудрат омадани Ҳасани Рӯҳонӣ, ки ҳамагӣ ду моҳ гузаштааст ин дувумин дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Рӯҳонист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG