Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Си Ҷинпинг дар Узбакистон бо Ислом Каримов мулоқот мекунад


Президенти ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинг дар ҳишияи сафари худ ба Осиёи Миёна ба Узбакистон рафт. Имрӯз душанбеи 9-уми сентябр мулоқоти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ва Си Ҷинпинг баргузор мешавад.

Си Ҷинпинг дар сафари кории худ ба Осиёи Миёна алакай ба кишварҳои Туркманистону Қазоқистон сафар намуд ва рӯзҳои 5-6-уми сентябр дар нишасти раҳбарони 20 кишвари пешрафти олам дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ширкат намуд.

Дар назар аст 13-уми сентябр Си Ҷинпинг дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек, ки бо иштироки сарони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Русия ва ҳамчунин намояндагони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва Покистон доир мегардад иштирок мекунад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сабаби ба кишвар наомадани Си Ҷинпингро бо он рабт додааст, ки чанде пеш сафари расмии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Чин баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG