Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи Душанбе-1 дар аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои ҷоизаҳои футболбози машҳури тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров пирӯз шуд.

Дар ин мусобиқаи нахустини ҷумҳуриявӣ барои ҷоизаҳои Мураббии шоистаи Тоҷикистон, Устоди варзиши СССР Владимир Ғуломҳайдаров футболбозони навраси солҳои таваллудашон 2000-2001 ширкат карданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, ҳашт даста дар ду гурӯҳ рақобат намуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Душанбе - I, ноҳияи Шаҳринав, вилояти Суғд ва Хатлон – II ва ба гурӯҳи «Б» дастаҳои Душанбе – II, Ҳисор, Душанбе – III ва Хатлон – I шомил буданд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Натоиҷи бозиҳо дар гурӯҳҳо:

Даври 1-ум. Душанбе-1 – Кӯлоб - 3:1, Душанбе-2 – Қӯрғонтеппа - 3:0, Шаҳринав – Суғд - 0:1, Ҳисор – Душанбе-3 - 1:4.
Даври 2-юм. Ҳисор – Душанбе-2 - 0:5, Душанбе-3 – Қӯрғонтеппа - 2:2, Суғд – Кӯлоб - 4:2, Шаҳринав – Душанбе-1 - 1:4.
Даври 3-юм. Шаҳринав – Кӯлоб - 1:3, Ҳисор – Қӯрғонтеппа - 0:3, Душанбе-1 – Суғд - 6:2, Душанбе-2 – Душанбе-3 - 1:4.

Дар нимфинал Душанбе-1 бар Душанбе-2 бо ҳисоби 2:0, мунтахаби вилояти Суғд аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар Душанбе-3 бо ҳисоби 5:4 (замони асосӣ – 1:1) ғолиб омаданд. Дар бози барои ҷойи севум Душанбе-2 бар Душанбе-3 бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Дар бозии ниҳоӣ Душанбе-1 мунтахаби Суғдро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар ва ва меҳмони фахрӣ Владимир Ғуломҳайдаров, собиқ капитан ва сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе, узви дастаи мунтахаби олимпии СССР футболбозони наврасро бо анҷоми мусобика табрик гуфта, ба дастаҳои ғолиб ва ҷойҳои фахриро ишғолнамуда, инчунин, ба бозигарони беҳтарини мусобика ҷоизаҳоро супурданд.

Бояд гуфт, ки Владимир Ғуломҳайдаров 17 соли ахир дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад ва бо даъвати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба зодгоҳаш – Душанбе омада буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG