Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ва Раҳмон хостори тарбияи омӯзгорони бештар шуданд


Хабаргузориҳо гузориш додаанд, ки Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон омодаанд, ба вазоратҳои худ дастур диҳанд, то тарбияи омӯзгорони забони русӣ дар Тоҷикистон ва дар Русияро бештар кунанд.

Ҳоло дар донишгоҳҳои Русия 4,7 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Путин гуфт, ки дар соли таҳсили 2012-2013 1063 нафар ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои Русия қабул шудаанд ва аз ҳисоби будҷаи Русия таҳcил мекунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон низ донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия фаъолият мекунад ва дар он 4500 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG