Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки Теҳрон қолинҳои сурхи ташрифотиро ба истиқболи меҳмонони маъракаи савганди раисҷумҳури ҷадидаш омода мекунад, ба назар мерасад, ки сафи кишварҳои дӯсти Эрон дар байни меҳмонони ба истилоҳ VIP чандон чашмгир нест.

Гуфта мешавад, барои иштирок дар маросими савганди Ҳасани Рӯҳонӣ дар таърихи 4-уми август, Эрон ба раҳбарони кишварҳои саросари олам даъватнома фиристод. Мақомот таъкид мекунанд, ки дар ин маърака 200, бо шумули 50 хабарнигори хориҷӣ аз 16 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Аммо як назар ба рӯйхати меҳмонони воломақом кофист, то бубинӣ, ки на ҳама раҳбарон ба даъвати Эрон посухи мусбат додаанд. Ҳатто бисёре аз сарони кишварҳои дӯсти Эрон низ ба ин маросим намераванд.

Ба гуфтаи мақомоти Эрон , ҳудудан 40 кишвар даъват барои ширкат дар расми адои савганди Рӯҳониро пазируфтаанд ва дар ин маросим аз ҷумла 10 раисиҷумҳур ва се нахуствазир ширкат хоҳанд кард.

Аз Осиёи Марказӣ дар ин маросим раисиҷумҳурон Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон намояндагӣ мекунанд. Раисҷумҳури Узбакистон ба ин меҳмонӣ намеравад ва ба эҳтимоли қавӣ Тошкандро дар ин маърака дипломатҳояш намояндагӣ мекунанд. Ҳамсояҳои наздики Эрон - Покистон ва Афғонистон - раҳбарони худро ба маросим мефиристанд.

Сарварони ду давлати африқоии Того ва Гвинея-Биссау ва ҳамин тавр, Арманистон ва Лубнон - шарики калидии Эрон - ба рӯйхати меҳмонҳои озими сафар шомил шудаанд. Аз Созмони Милали Муттаҳид дар маросими савганди президенти наи Эрон ноиби дабири кулл Ян Элиассон намояндагӣ хоҳад кард.

Аммо сарварони ду кишвари дӯсту шарики Эрон - Русия ва Сурия – ба Теҳрон намеоянд. Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, ки кишвараш даргири ҷанги хунини шаҳрвандист, гуфтааст, ки ба ин маърака нахуствазирашро равон мекунад. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳафтаҳои наздик бо як сафари расмӣ ба Эрон меравад, аммо ҳоло дар маросими савганди Ҳасани Рӯҳонӣ иштирок намекунад. Шояд дар ин маросим раиси Думаи давлатӣ Сергей Наришкин ё сафири Русия дар Эрон иштирок кунанд.

Шарикони дигари Эрон - Беларус, Венесуэла ва Боливия ҳанӯз нагуфтаанд, ки сатҳи иштироки онҳо дар расми адои савганди Рӯҳонӣ чӣ гуна хоҳад буд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG