Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасани Рӯҳонӣ: "Амрико ҳаққи ҳастаии Эронро бишносад"


Раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон мегӯяд, ки шаффофияти бештар дар барномаи ҳастаии кишвар таҳримҳои иқтисодӣ болои Теҳронро коҳиш хоҳад дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар нахустин нишасти хабарӣ баъди пирӯзияш дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи ҷумъа, 14 июн, аз таҳримҳои байнулмилалӣ болои Эрон интиқод кард ва онҳоро "бераҳмонаву бедалел" номид. Ӯ гуфт, “барномаҳои ҳастаии мо комилан шаффоф аст. Вале мо ҳозирем шаффофияти бештареро нишон диҳем ва рӯшан кунем барои ҳамаи дунё, ки иқдомоти Ҷумҳурии исломии Эрон комилан дар чаҳорчӯбҳои байнулмилалист”.

Ҳамзамон, ӯ имкони мутаваққиф шудани барномаи ғанисозии ураниумро рад кард. Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд, аммо Теҳронро инро бепояву бунёд мехонад.

Рӯҳонӣ аз ҳаққи Эрон барои дастёбӣ ба нерӯи ҳастаӣ дифоъ кард ва гуфт, ки ин ҳаққи мардуми Эрон - шарти пешакӣ барои ҳама гуна музокирот миёни Эрон ва ИМА хоҳад буд. Раисиҷумҳури нави Эрон афзуд, қабл аз ҳама гуна гуфтушунид бо Теҳрон Амрико "бояд тасреҳ намояд, ки дар умури дохилии Эрон ҳаргиз мудохила нахоҳад кард. Сониян, тамоми ҳаққи миллати Эрон, аз ҷумла, ҳуқуқи ҳастаиро, ба расмият бишносад”.

Ҳасани Рӯҳонӣ эътироф кард, ки масъалаи робитаи миёни Теҳрону Вошингтон “печидаву душвор” аст ва барои эҳёи он бояд “захми кӯҳна”-ро дармон бахшид. Ӯ афзуд, ҳукумати ҷадид дар равобит миёни ду кишвар мушкилоти нав ворид карданӣ нест. Раисиҷумҳури тозаинтихоб ба зарурати беҳбуди муносибат бо кишварҳои олам, ба вижа, бо давлатҳои ҳамсоя, таъкид кард. “Давлати ҷадид эҳсос мекунад, ки фурсати ҷадиде барои таомул бо сатҳи дунё ба вуҷуд омадааст”, афзуд ӯ.

Оғои Рӯҳонӣ гуфт, ки ҳукуматаш ба ҳалли масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ авлавият хоҳад дод. Яке аз мушкилоти умдае, ки, аз нигоҳи ӯ, ҳукумат бояд ба ҳаллаш пардозад, бекории густурда дар Эрон аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раҳбари пешини ҳайати Эрон дар музокироти ҳастаӣ, дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ аз сӯи гурӯҳҳои ислоҳотталаби Эрон пуштибонӣ ёфт. Бар пояи иттилои расмӣ, дар интихобот 50,7 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ба ӯ овоз додаанд. Дар нишасти хабарӣ оғои Рӯҳонӣ таъкид кард, ки ба ҳукумати нав намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсии Эрон, аз ҷумла, ислоҳотхоҳон, шомил хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол нахуствазири Исроил Биниямин Нетаняху рӯзи душанбе ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки пирӯзии Рӯҳонӣ – баёнгари норозигии мардум аз режими Эрон аст, "вале, муттассифона, ӯ тавону қудрати тағйир додани талошҳои ҳастаии Эронро надорад”.
XS
SM
MD
LG