Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мероси Аҳмадинажод ба Рӯҳонӣ: “Анбор, хазина ва бонки холӣ”


Раисиҷумҳури мунтахаби Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ (аз рост) ва раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод.

Раисиҷумҳури мунтахаби Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ (аз рост) ва раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод.

Яке аз мушовирони президенти нави Эрон мегӯяд, вақте ки Ҳасани Рӯҳонӣ ҳокимиятро ба даст мегирад, бо вазъи мушкиле рӯбарӯ мешавад.

Исо Калонтарӣ, вазири пешини кишоварзии Эрон ва аз мушовирони президенти мунтахаби Эрон, мегӯяд, бо оғози кораш Ҳасани Рӯҳонӣ “анборҳои холӣ, хазинаи холӣ, бандарҳои холӣ ва Бонки Марказии холӣ”-ро мерос хоҳад гирифт.

Дар мусоҳибааш бо рӯзномаи “Қонун”, Калонтарӣ дар посух ба суолҳо дар бораи вазъи кишоварзии Эрон гуфт, “фақат Худо метавонад ба Рӯҳонӣ мадад кунад”.

Изҳороти Калонтарӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки бино бар омори расмӣ, маҳсулоти кишоварзии Эрон дар давраи раҳбарии президент Маҳмуди Аҳмадинажод ба маротиб боло рафтааст. Аммо Калонтарӣ мегӯяд, ин маълумот саҳеҳ нест. “Агар ин арқом дуруст мебуд, мо яке аз хушбахттарин мардуми ҷаҳон мебудем,” -- мегӯяд Калонтарӣ бо ишора ба гузориши ҳукумати Аҳмадинажод, ки бино бар он дар Эрон дар соли гузашта 118 миллион тонна маҳсулоти кишоварзӣ тавлид шудааст.

“Маҳсулоти кишоварзӣ маводе барои истеъмоли инсонҳост ва ё маводест, ки аз коркарди фаннӣ гузаштааст, -- меафзояд Калонтарӣ, -- аз ин нигоҳ, захираҳои кишвар аз 68 миллион тонна бештар нестанд. Фураж ё хӯроки ҳайвонот маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор намеравад ва намебоист ба ин феҳраст шомил мешуд.”

Калонтарӣ мегӯяд, омори дигари ҳукумат низ дуруст нест. Вай пешбинӣ кард, ки барои ба сатҳи соли 2005, замони ба қудрат расидани Аҳмадинажод, баргардондани иқтисодиёт ба Рӯҳонӣ камаш 2 сол зарур мешавад.

Аҳмадинажод ба мудирияти бесарусомони иқтисодиёт айбдор мешавад ва таҳримҳои байнулмилалӣ дар робита ба барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон ин иқтисодиётро аз пой даровардаанд.

Вале Калонтарӣ ҳушдор дод, ки мушкили ояндаи Эрон на ба иқтисодиёт бастагӣ дорад ва на ба фишори хориҷӣ: “Масъалае, ки ба мо таҳдид мекунад, аз Исроил ё Амрико дида хатарноктар аст. Ин масъалаи ҳаёту мамоти миллат аст. Суфакуҳи Эрон ғайри қобили сукунат мешавад."

Вазири пешини кишоварзӣ мегӯяд, сатҳи обҳои зеризаминӣ ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфта, кӯлҳои табиӣ мехушканд ва дар натиҷа бӯҳрони об ба кишвар таҳдид мекунад. Калонтарӣ мегӯяд, агар дар 30 соли оянда вазъ ислоҳ нашавад, Эрон маҳв хоҳад гашт. Ҳамзамон ӯ изҳори умедворӣ мекунад, ки Рӯҳонӣ дар пайравӣ аз ҳукумати замони Ҳошимии Рафсанҷонӣ як ҳукумати коро таъсис хоҳад дод ва дар он намояндагони ҳамаи гурӯҳҳо ҷамъ хоҳанд омад.

Бино бар хабарҳо, президенти мунтахаби Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, рӯзи 3-юми август ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG