Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни тазоҳуроти Миср афзудааст


Сухангӯи Ихвонулмуслинин мегӯяд, маъмурони амниятӣ дар тазоҳуроти тарафдорони ин созмон дар шаҳри Қоҳира ҳадди аққал 70 нафарро куштаанд. Маъмурони амниятӣ ба самти тазоҳургарон, ки дар наздикии масҷиди Рабо ал Адавия ҷамъ омада буданд, тир андохтаанд. БИ БИ СИ аз қавли як табиби шифохонаи маҳалли ҳодиса гуфтааст, ки на камтар аз 100 нафар кушта ва бештар аз 1000 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, ки артиш ӯро рӯзи сеюм аз мақомаш барканор кард, мехоҳанд, ӯро ба қудрат баргардонанд. Муноқиша дар атрофи масҷиди Рабо ал-Адавия идома доштааст. Аз ин пештар Миср шоҳиди тазоҳуроти азими тарафдорону мухолифони Муҳаммад Мурсӣ шуд. Бо авҷ гирифтани бесарусомонӣ дар Миср, интизор меравад, артиши ин кишвар алайҳи созмони Ихвонулмуслимин иқдом кунад. Вазири умури дохилии Миср рӯзи ҷумъа гуфт, тазоҳуроти якмоҳаи тарафдорони Мурсӣ дар Қоҳираро “ба зудӣ аз роҳи қонунӣ хотима хоҳад дод.”
XS
SM
MD
LG