Пайвандҳои дастрасӣ

"Тағо"-и кӣ зӯртар? Оё бо саводи худ метавон донишҷӯ шуд?


Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

«Занги охирин» дар мактабҳои Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ ва табиб аз ихтисосҳои асосӣ ва интихобӣ барои хатмкунандагони ин муасисаҳои таълимӣ аст.

Агар ба оморҳо низ назар андозем, барои мисол дар соли гузашта бештари довталабон ба факултаи ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодии Донишгоҳи миллӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд.

Абдусалом Миралиев, муовини раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(ДМТ) ба Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта ҳудуди 6 500 хатмкунанда ба 17 факултаи донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд, ки бештарини довталабон ба факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, тиббу дорусозӣ ва ҳамчунин муносибатҳои байналхалқӣ, шарқшиносӣ ва журналистика буданд. Вай гуфт: «Дар факултети ҳуқуқшиносӣ соли гузашта дар гурӯҳи буҷавӣ зиёда аз 200 нафар ҳуҷҷат супорид, ки аз онҳо ҳамаги 40-50 нафараш ба сафи донишҷӯён қабул гардиданд. Дар гурӯҳи шартномавӣ зиёда аз 300 нафар ҳуҷҷат супорид, ки танҳо 100-150 нафари онҳо қабул шуданд. Дар факултетҳои иқтисод ва идора, молиявию иқтисодӣ ва ба ҳисобгирию иқтисодӣ зиёда аз ду ҳазор нафар довталаб буд. Факултети нави дигар, ки се сол мешавад аз таъсисаш, тиббию дорусозӣ мебошад, ки наздики 900 нафар довталаб дошт.»


Донишгоҳи кишоварзӣ мисли солҳои Шӯравӣ "бозоргир" нест

Донишгоҳи кишоварзӣ мисли солҳои Шӯравӣ "бозоргир" нест

Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди ин мақоми Донишгоҳи миллӣ, ҳарчанд дар шароити феълӣ Тоҷикистон ба мутахассисони соҳаҳои механикаву математика, физикаву кимиё ва геология ниёз дорад, аммо хатмкунандагони мактабҳои миёна таваҷҷӯҳи камтаре ба ин ихтисосҳо доранд.

Абдусалом Миралиев, муовини раиси ДМТ сабаби алоқамандии ҷавонон ба ҳуқуқшиносиву иқтисод ва тиббро ба он рабт медиҳад, ки сатҳи зиндагии кормандони ин соҳаҳо нисбат ба дигарон беҳтар аст.

Маҳина, хатмкунандаи мактаби миёнаи рақами 76 -и шаҳри Душанбе низ мақсад дорад, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон супорад. Вай мегӯяд, барои ин бар иловаи мактаб дар назди устодони Донишгоҳи тиббӣ дарс омӯхтааст. «Кӯшиш кардам нағзтар хонда, бо дониши худам дохил шавам. Падарам кор намекунад, маблағ надорем, аз ин сабаб наметавонам шартномавӣ таҳсил намоям ё «через» кунам,» -мегӯяд ӯ.

Маҳина сабаби алоқамандиаш ба риштаи тиббро агар аз як сӯ хидмат ба мардум донад, аз тарафи дигар итминон дорад, ки фардо аз ин касби интихобкардааш «нонаш»-ро меёбад.

Аммо ба гуфтаи падару модари донишҷӯён, такопӯи интихоби донишгоҳ як тараф, масъалаи аз ҳама муҳим пайдо кардани “хола” ва “тағо” аст, ки тавонад дохил шудани довталабро ба факултаи писандидааш кафолат диҳад.

Ҳоло агар шумо аз довталабон пурсед, ки оё бо саводи худ ба донишгоҳ дохил мешаванд, ин суоли шумо хандаи онҳоро меорад. Зеро миёнравии “хола” ва “тағо”-ҳо дар имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Тоҷикистон мисли аксиома шудааст.

Пажӯҳишҳои анҷомшуда низ вуҷуди фасод дар мавсими дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон ва дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳҳоро тасдиқ мекунанд. Як таҳқиқоти Маркази мутолиоти стротегӣ дар соли 2011 мегуфт, агар қаблан фасод бештар дар вазоратхонаҳои интизомӣ мушоҳида мешуд, ҳоло риштаи маориф пешдаст шудааст. Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ чандин маротиба ниҳодҳои маорифи кишварро дар ҷумла фасодзадатарин идороти Тоҷикистон ном бурдааст.

Санавбари Абдулло мехоҳад ба Донишкадаи забонҳо дохил шуда, дар оянда дипломат шавад. Ӯ интихоби худро ин гуна шарҳ дод: «Забони кореягиро аз худ карда, мехоҳам дар сафоратхона ваё вазорати корҳои хориҷа кор кунам.»

Бо ин ҳама бештари ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки касб ё ихтисосашонро вобаста ба будҷаи оилаашон интихоб мекунанд. Зеро онҳо мегӯянд, ки барои дохил шудан ба донишгоҳ «ҳатман ба истилоҳе «страховка» лозим аст.

Дар ин миён ҳастанд падару модароне, ки новобаста ба мушкили молии хонавода, талош доранд, то фарзандашон ба донишгоҳи писандидаи худ ҳуҷҷат супорад. Давлатбӣ Худойдодова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд духтараш пас аз мактаби миёна нияти табиб шуданро дорад ва ба ин далел ба вазъи бади иқтисодии хонавода нигоҳ накарда, намехоҳанд, дили фарзандаш шиканад. Вай мегӯяд, шавҳараш барои дохил шудани духтарашон ба Донишгоҳи тиббӣ розӣ нест, аммо: «Ҳамроҳаш сахт рафтам. Гуфтам, захираи яксола намекунаму намехӯрам, аммо ӯро ба курси тайёрӣ дохил мекунем, кани чӣ мешавад?»


Донишгоҳи тиббӣ - яке аз писандидатарин макотиб барои довталабон

Донишгоҳи тиббӣ - яке аз писандидатарин макотиб барои довталабон

Таҷрибаи чанд соли ахир нишон медиҳад, ки бахши умдаи донишҷӯён танҳо барои гирифтани диплом ба ҳар донишкадае ки “зӯрашон” мерасад, санад месупоранд. Дар ҳоле ки солҳои пеш хонандаи мактаб аз пеш медонист, ки ба куҷо ҳуҷҷат супорад ва чӣ касбро интихоб кунад?

Аъзамшоҳ Ширговадӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, ҳоло хонандагон ҳатто баъди хатми мактаб куҷо рафтанашонро намедонанд. Ин аст, ки ба таъкиди вай онҳо дар дуроҳа қарор мегиранд. Коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки ба сабаби дар бозори дохили кишвар набудани талабот ба баъзе ихтисосҳо хатмкунандагон наметавонанд аз чанд соли пеш ихтисосеро интихоб намоянд. «Фанҳои дақиқ дар Тоҷикистон қариб ки талабгор надоранд. Донишкадаҳои андоз, гумрук, тиббӣ ва ихтисосҳои ҳуқуқшинос, молия ва қарз талаботи бештар доранд,» - мегӯяд Ширговадӣ.

Зимнан, тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, соли гузашта 94 ҳазору 738 нафар мактабҳои миёнаро хатм карда, 38 ҳазору 738 нафараш ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар қабул гардидаанд. Имсол беш аз 111 ҳазор нафар, яъне 20 дарсад бештар аз соли гузашта, мактаби миёнаро хатм мекунанд ва аз ҳамин рақам ҳам бармеояд, ки мавсими имсолаи имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳо назар ба соли гузашта хеле доғтар хоҳад шуд. Ва фақат рӯзи 1 сентябр, вақте ғалбери имтиҳонҳои қабулро бардоштанд, маълум хоҳад шуд, ки кӣ бо саводи худаш донишҷӯ шудаасту кӣ – бо ёрии “хола”-ву “тағо”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG