Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имтиҳонҳои қабул дар Узбакистон: пора, "шпоргалка" ва фанновариҳо


Дар остонаи имтиҳони ягонаи қабул ба донишгоҳҳои Ӯзбакистон, ректори яке аз фасодзадатарин муассисаҳои таълимии ин кишвар аз вазифа барканор шуд.

Имрӯз дар саросари Ӯзбакистон имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳои олии ин кишвар баргузор шуд. Имсол беш аз 431 ҳазор ҷавон дархости дохил шудан ба донишгоҳҳои олии ин кишварро кардаанд. Соли гузашта шумори довталабон наздики 420 ҳазор нафар буд. Вале бо ин вуҷуд, шумори довталабот даҳ баробар бештар назар ба имкониятҳои донишгоҳҳо барои қабули муҳассилони нав будааст. Имсол ҳам мақомот ба хотири ҷилавгирӣ аз ришвату фасод ба ҳангоми супурдани имтиҳонҳои қабул, чораҳои ҷиддии назоратӣ ҷорӣ кардаанд. Яке аз иқдомоти онҳо ин буд, ки рӯзи 1 август то нисфирӯзӣ дар саросари кишвар хадамоти телефони ҳамроҳ маҳдуд шуда, имконияти ирсоли номаву паёмҳои кӯтоҳи телефонӣ, назири СМС ва ММС маҳдуд шуд.

Ҳафтае пеш аз шурӯи имтиҳонҳои қабул, нашрияи “Инсон ва қонун”-и чопи Тошканд хабар дод, ки сохторҳои қудратӣ фаъолияти як гурӯҳи тақаллубкорро дар Бухоро ошкор ва безарар кардаанд. Нашрияи расмӣ навишт, ки дар давоми чанд соли охир довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои тиббӣ ва муҳандисиву фаннии Бухоро бар ивази пора ба унвони донишҷӯ «мушарраф мегардиданд». Дар хабар гуфта мешавад, ки сокинони маҳаллӣ - Миркомил Исабоев и Элмурод Саломов дар давоми чанд соли охир тавассути компйютерҳову телефонҳои мобили пайваста ба хати интернетии Wi-Fi, ки “бар ивази 45 ҳазору 200 доллар харида шудаанд”, дар ҷараёни имтиҳонҳо бо донишҷӯён иртибот барқарор карда дар пайдо кардани посухи дурусти саволи имтиҳон кӯмак мекардаанд.

Барои дохил кардани як донишҷӯ аз рӯи чунин “шпоргалкаи замонавиву пешрафта” онҳо аз ду то ҳашт ҳазор доллар подош талаб мекардаанд. Соли гузашта, навиштааст нашрияи “Инсон ва қонун”, 79 нафар бо ҳамин васила унвони
донишҷӯро касб кардаанд. Ин гурӯҳи 35-нафараи тақаллубкор тибқи қарори додгоҳи ноҳияи Вобканди вилояти Бухоро барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Ба ин тарз, танҳо дар давоми як моҳи охир мақомоти Ӯзбакистон дар бораи фошшавии се схемаи коррупсионӣ дар донишгоҳҳои Сирдарёву Тошканд гузориш шуд. Раҳбари донишгоҳи давлатии адлияи шаҳри Тошканд барои раҳбарии ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ аз вазифааш маҳрум шудааст.

Аслан мавзӯи ришва ва порахӯрии масъулин ба ҳангоми супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ нав нест ва аз замони шӯравӣ мерос мондааст. Вале ба фарқ аз бисту сӣ соли пеш, бо рушди фанновариҳову васоили мухобирот, шеваи хадамот низ «пешрафт» карда, қимати пора ҳам, вобаста ба нуфузи донишгоҳ, фарқ мекунад.

Як гурӯҳи фаъолони ҳуқуқи башар, ки мавзӯи ришват ва ҳаҷми пораро дар донишгоҳҳои Ӯзбакистон омӯхта дар як гузориш натиҷагирӣ кардааст, мегӯяд, рейтинги донишгоҳҳои фасодзадатарини кишварро тартиб додааст. Сӯҳроб Исмоилов, яке аз фаъолони ин гурӯҳ гуфт:

- Дар садри феҳраст Донишгоҳи давлатии адлияи Тошканд, баъдан, донишгоҳи иқтисод ва дипломатияи байналмилалӣ ва сеюм Донишгоҳи давлатии иқтисодӣ қарор гирифтанд. Барои дохил шудан ба донишгоҳҳои вилоятӣ пули камтар додан даркор будааст, - гуфт Сӯҳроб Исмоилов.

Бахши ӯзбакии радиои Озодӣ мегӯяд, ки барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии адлияи Тошканд, ки аз фасодзадатарин донишгоҳҳо шинохта шудааст, аз 35 то 40 ҳазор доллар талаб мешудааст.

Сарвар Усмон, радиои Озодлик

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG