Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ дар донишгоҳҳо ришвагир ва ришвадеҳро меҷӯяд


Дар остонаи давраи санҷишу имтиҳоноти зимистона гуруҳи махсуси мубориза бо фасод дар мактабҳои олии Тоҷикистон ташкил шудааст.

Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон гурӯҳи вижа ё махсусеро барои ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои ришвату фасод дар давраи санҷишу имтиҳоноти зимистона дар мактабҳои олии кишвар таъсис додааст. Ташкили ин гурӯҳ яке аз тарҳҳои марбут ба Стратегияи нави зиддикоррупсионӣ дар кишвар аст ва ба давраи имтиҳонҳои зимистона дар донишкадаю донишгоҳҳои кишвар рост омадааст.

Мақомоти ниҳоди зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти барномаи нави худро ифшо накарданд ва мегӯянд, иҷрои онро нахуст аз силсилаи мулоқоту суҳбатҳои пешгирикунанда дар мактабҳои олӣ оғоз намудаанд. Қоҳир Суҳроб, сухангӯи Оҷонси мубориза бо коррупсия, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ аъзои гуруҳи корӣ дар 12 донишкадаю донишгоҳҳо вохӯриҳо барпо кардаанд. Ӯ афзуд, ҳадаф аз баргузории ин мулоқот эҷоди фазои зиддикоррупсионӣ дар мактабҳои олист.

Ба гуфтаи Қоҳир Суҳроб, Оҷонси зидди фасод ҳоло ба таҳияи Стратегияи зиддикорупсионии нав барои солҳои 2013-2020 машғул аст, ки дар он мубориза бо фасод дар соҳаи маориф як бахши алоҳидаро ташкил мекунад. Барои таҳияи ин ҳуҷҷат аввал сабабу омилҳои густариши фасод дар соҳаи маориф аз ҷониби мутахассисон амиқ омӯхта шуда ва баъд аз қабули ин стратегия, наҳваи мубориза бо фасод дар соҳаи маориф ва тандурустӣ комилан тағйир хоҳад ёфт.

Стратегия ин ҳуҷҷати муайянкунандаи дурнамои фаъолияти давлат дар ин ё он соҳа мебошад, ки дар асоси он барномаҳои махсуси давлатӣ қабул ва иҷро мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз додани ришва ҳангоми имтиҳонҳо дар донишгоҳҳои кишвар кам нашудааст. Гаштугузор ва суҳбатҳо бо донишҷӯён нишон доданд, ки барои аксарият ришва роҳи асосии супурдани санҷишу имтиҳонҳо боқӣ мемонад. Фирдавс Раҳимов, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, мегӯяд, додану гирифтани ришва нисбат ба солҳои қаблӣ каме камтар ба назар мерасад, вале куллан аз байн нарафтааст. Ӯ мегӯяд, “дар аксари маврид ришваро худи донишҷӯён пешниҳод мекунанд, вале устодон ҳам беайб нестанд. Агар устодон қатъиян гӯянд, ки ришва намегирем ва ягона роҳи гирифтани имтиҳон дониш аст, донишҷӯён ҳам аз паи тадрис мешаванд.”

Дар ҳамин ҳол, Аҳмадхӯҷа, як донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, бо ҷорӣ кардани усули кредитии таълим додану гирифтани ришва на кам, балки тарзи гирифтани он тағйир ёфтааст. Ӯ заминаи фасодкориро дар пастии сатҳи дониши донишҷӯён ва камии маоши муаллимон мегӯяд.
Дар мавриди нархи санҷишу имтиҳонҳо Аҳмадхӯҷа афзуд, дар факултаҳои бонуфуз мисли идтисодиву ҳуқуқшиносӣ аз 200 сомонӣ болост ва дар факултаҳои камнуфуз мисли филологияву таърих санҷишҳо 60-70 сомонӣ нарх доранд.

Ин гуфтаҳои донишҷӯёнро гузоришҳои расмии худи Оҷонси зидди фасод ҳам тасдиқ мекунад. Бино бар омори расмии ин ниҳод, маориф аз ҷиҳати фасодзадагӣ миёни ниҳодҳои кишвар дар ҷои дувум қарор дорад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар бахши маориф 36 мавриди додану гирифтани ришва ошкор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи созмони Transperency International, мизони фасод дар Тоҷикистон дар соли 2012 назар ба соли гузашта боло рафтааст. Ин созмон дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 4-уми декабри соли ҷорӣ нашр шуд, мизони фасод дар 176 кишвари ҷаҳонро “чен” карда, Тоҷикистонро дар мақоми 157 қарор додааст.
XS
SM
MD
LG