Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти 9 сол аз оғози иҷрои «Нақшаи стратегии солимии аҳолӣ» мавориди маргу мири модару кӯдак ва бемориҳое, чун камхунӣ ва саратон дар миёни занони тоҷик коҳиш наёфта, балки рӯ ба афзоиш будааст.

Ин дар ҳолест, ки маблағҳои зиёди буҷа ва ҳам кӯмакҳои созмонҳои байналмилалӣ барои коҳиши ҳамин бемориҳо равона мешавад.

Ин мавзӯъ рӯзи 27 май дар нишасте дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, мавриди баррасии мақомоти давлатӣ ва намояндагони порлумон қарор гирифт.





Дилмурод Давлатов, раиси палатаи ҳисоби Тоҷикистон, бо ишора ба нигаронкунанда будани ин вазъ истифодаи муносиби ин маболиғро зери суол бурд. Ҷаноби Давлатов гуфт, «азбаски имконият барои гузаронидани таҳлилҳои амиқ камтар буд, дар оянда бояд вазорати тандурустӣ дар назар бигирад, ки мо таҳлилҳои худро ҳамонгуна анҷом хоҳем дод, ки чигуна истифодаи маблағҳо ва ба чӣ натиҷа оварда расонидани истифодаи маблағҳои равонашударо нишон бидиҳад. Ва ҳатто дар оянда шояд ҳамин гуна масъалагузории ба ягон намуди ҷазо кашидан ҳам ба миён ояд. Зеро натиҷаҳое, ки ҳоло мо дар даст дорем, хеле вазнин ва нигаронкунандаанд.»

Нақшаи стратегиии солимии аҳолӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон дар 9 сол пеш қабул гашта, бояд то соли 2014 давра ба давра амалӣ шавад. Нақшаи мазкур аз шаш самти фаъолият ва даҳ вазифа иборат буда, асосан барои беҳтар кардани солимии мардум бо роҳи танзими оила, таваллуди бехатар ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ нигаронида шудааст.

Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон дар ин баррасӣ гуфт, бо рoҳандозии Нақшаи солимии аҳолӣ сиҳатии мардум то андозае беҳтар шудааст ва аммо барои хуб амалӣ шудани барномаи миллӣ аз ҳисоби буҷа маблағи бештар лозим аст. Зеро ба гуфтаи вай, созмонҳои байналмилалӣ маблағгузориро барои харидории маводҳои пешгирикунандаи ҳамл тадриҷан кам ва аз соли оянда пурра қатъ хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки фарогирии занони қобили таваллуд бо чунин мавод яке аз нишондиҳандаҳои муҳими Нақшаи миллӣ ба шумор меравад. Нусратулло Салимов ҳамчунин гуфт, «яке аз дигар масъалаҳои ҳалталаб ба меъёрҳои санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ набудани таваллудхонаҳост. 70 фоизи ин муассисаҳо бо оби мутамарказонида таъмин набуда, системаи корезияшон корношоям аст. Ҳамчунин аксари таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳо бо маводҳои доруворӣ ва хун таъмин нестанд.» Вазири тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, татбиқи усулҳои нави ташхис ва табобат, ки асоси беҳтар кардани хадамоти тиббист, сарфи маблағҳои иловагиро тақозо мекунад.

Аммо ба гуфтаи Дилмурод Давлатов, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, барои иҷрои ин нақша аллакай дар давоми 10 сол 8,1 миллион евро ва 27,5 миллион доллар маблағ сарф шудааст, ки 68 фоизи ин маблағҳо қарзҳои грантӣ будаанд. Ба таъкиди ҷаноби Давлатов зимни гузаронидани санҷишҳои молиявӣ дар бархе аз марказҳои саломатӣ тасарруфи маблағҳо ошкор шудааст. Ӯ афзуд: «Дар давраи солҳои 2006- 2011 аз ҷониби мутахассисони мақомоти назорати давлатии молиявӣ дар марказҳои миллии солимии репродуктивӣ се маротиба ва дар маркази солимии репродуктивии шаҳри Душанбе панҷ маротиба санҷишҳои молиявӣ гузаронида, мутаносибан ба маблағҳои аз 1500 то 5, 4 ҳазор сомонӣ ошкор ва барқарор карда шудааст.»

Дар ҳамин ҳол, Рӯҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳамасола беш аз 50 дарсади хароҷоти буҷаи давлатӣ маҳз ба нигаҳдории муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона мегардад. Аз ҷумла дар буҷаи соли 2013 танҳо барои марказҳои солимии репродуктивӣ 3, 5 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар қиёс бо 9 соли пеш 270 баробар (!) бештар будааст. Ҷаноби Ҳакимов дар ин замина гуфт, «ҳукумати кишвар новобаста ба буҳрони молиявӣ, бо назардошти вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар оиди сол аз сол зиёд намудани буҷаи соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир мекунад. Бинобар ин буҷаи давлатии ин соҳа дар соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 911 миллион сомониро ташкил дода, нисбати буҷаи соли 2012 27,2 фисад зиёд мебошад.»

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар соли 2012 таъсис ёфта, ба унвони як ниҳоди олии аудиторӣ ва назорати молиявӣ ваколати назорати маблағҳо дар тамоми шохаи ҳокимиятро дорад ва танҳо ба президент ва парлумон ҳисобот медиҳад. Ба ҳайати Палата, раис, муовини раис, ва панҷ сараудитор дохил мешаванд, ки ҳамаашон ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG