Пайвандҳои дастрасӣ

Дар иҷлосияи ғайринавбатии МН қарор аст сохтор ва ҳайати кории Палатаи ҳисоб мушаххас ва тасдиқ шавад.

Дар бораи ташкили ин ниҳоди нав дар сохтори идории Тоҷикистон пештар фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар содир шуда ва Маҷлиси намояндагон низ Қонуни танзими фаъолияти ин ниҳодро дар соли гузашта қабул карда буд. Аммо коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, ки салоҳият ва вазифаҳои ин ниҳод такрори салоҳият ва вазифаҳои Оҷонси назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст ва имкон дорад Оҷонси мубориза бо фасод аз байн биравад.

Палатаи ҳисоб як ниҳоди нав дар ҳукумати Тоҷикистон хоҳад гашт, ки роҷеъ ба ташкил ва ба фаъолият шурӯъ кардани он аз як сол ба ин сӯ дар маҳофил ва расонаҳои кишвар сӯҳбатҳо идома дошт. Зеро гуфта мешуд, ки ин ниҳод ҷойгузини Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хоҳад шуд ва бо оғози кори он Оҷонси мубориза бо фасод аз байн бурда мешавад.

Фаттоҳ Саидов

Фаттоҳ Саидов

Аммо Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» ин хабарҳоро бепоя хонд. Ҷаноби Сайидов гуфт, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон танҳо тарзи ташкил ва харҷи буҷаи давлатиро бозрасӣ ва таҳлил хоҳад кард, дар ҳоле ки доманаи фаъолияти Оҷонсӣ васеътар аз ин чаҳорчӯба аст: «Дар мо ягон навигарӣ намешавад. Мо бо ҳамин тарзе ки ҳоло фаъолият дорем ва бо ҳамин воҳидҳои корӣ корро идома медиҳем»

Палатаи ҳисоб дар ҳоле ба фаъолият мепардозад, ки дар Тоҷикистон бо дастури раиси ҷумҳурӣ раванди ихтисори 15-дарсадии кормандони сохторҳои давлатӣ идома дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки таҳлилгарон ташкили Палатаи ҳисобро як иқдоми нозарур мешуморанд чун салоҳият ва вазифаҳои онро Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон иҷро мекунад.

Ойниҳол Бобоназарова, таҳлилгари тоҷик мегӯяд дар ҳолате, ки ин ду ниҳод ҳамзамон як вазифа шаффофият ва дурусти харҷи бюҷет ва фаъолиятҳои молиявии муассисаҳои давлатиро назорат ва тафтиш мекунанд, зарурати яке аз онҳо боқӣ намемонад. Хонум Бобоназарова афзуд тақлид ба кишварҳои дигаре, ки зарфиятҳои бештари иқтисодӣ доранд барои Тоҷикистон комилан номумкин аст:

“Коре, ки инҳо мекунанд, додситонӣ ҳам мекунад. Вақте мегӯянд, маблағҳои буҷетиро бояд назорат кунад, пеш аз ҳама додситонӣ вуҷуд дорад ва ин кори ин мақомот аст. Ин боз як органест, ки ман намедонам, бо чӣ кор машғул мешавад. Агентии мубориза бо коррупсия ва додситонӣ ин корро мекунанд. Ҳатто онҳо якдигарро такрор мекунанд. Сохторҳо ҳар қадар кам бошанду сифати корашон хуб бошад, беҳтар аст, яъне як корманд бояд тариқи озмун гирифта шавад, ҷавобгарӣ ҳис кунад, ҳирфаӣ бошад, дар кори ӯ шаффофият бояд бошад».

Бо ин ҳол Муҳаммадалӣ Ватанов, Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дафъатан бо ташкили Палатаи ҳисоб аз салоҳиятҳои Оҷонси мубориза бо фасод ба манфиати он коҳиш дода намешавад, вале дар ояндаи наздик ин тағйир сурат хоҳад гирифт:

«Баъзе аз салоҳиятҳои он бо салоҳиятҳои Оҷонсии мубориза бо фасод дар ҳақиқат мувофиқ меояд. Лекин ҳоло ба салоҳиятҳои Оҷонсӣ тағйирот ворид намешавад. Маҳмадалӣ Ватанов

Маҳмадалӣ Ватанов

Лекин бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки вақте он ба фаъолият мепардозад ва дар ҷараёни он худро нишон дода метавонад, баъзе аз тағйирот дар салоҳиятҳо ворид карда мешавад».

Зимнан Раис, муовини раис ва панҷ аудити Палатаи ҳисоби Тоҷикистон аз сӯи раиси ҷумҳур пешниҳод ва аз ҷониби парлумон ба мансаби худ таъйин мешаванд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон музди кори моҳонаи кормандони Палатаи ҳисобро таъйин мекунад.

Раис, муовини раис ва ҳафт аудитори Палатаи ҳисоб аз дахлнопазирӣ бархӯрдор хоҳанд буд. Як нафар бар асоси қонун бештар аз ду навбат ҳуқуқи узвияти Палатаи ҳисобро нахоҳад дошт. Раиси палатаи ҳисоб касе хоҳад шуд, ки бештар аз 35 сол ва таҳсилоти ҳуқуқӣ ё иқтисодӣ дошта бошад ва забони давлатиро бидонад. Панҷ аудитори ин ниҳоди молӣ низ бояд ҳамин мушаххасотро доро бошанд.

Як манбаи наздик ба парлумони Тоҷикистон гуфт, ки номзадии раис ва муовини ӯ дар Палатаи ҳисоб барои баррасӣ ва таъйид пешниҳод шудааст. Аммо номи онҳо танҳо дар рӯзи иҷлосия эълон мешавад. Бархе аз манбаъҳо тахмин задаанд, ки раиси Оҷонси хариди давлатии амвол Дилмурод Давлатов, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъйин хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG