Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Аврупо ширкат мекунанд


Варзишгарони тоҷик дар ду мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми Аврупо дар Русия ва Украина ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати Ҷамшед Сафаров (66 кг), Саидмуҳаммад Саидов (81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (90 кг) дар Ҷоми Аврупо миёни навҷавонон, ки аз 17-ум то 22-юми май дар Киеви Украина барпо мегардад, иштирок мекунад.

Ҳамзамон паҳлавонон Ҷасур Шамиров (66 кг), Шӯҳратҷони Фархизода (66 кг), Қонун Охонов (73 кг) ва Абубакр Раҳмонов (+100 кг) Тоҷикистонро дар Ҷоми Аврупо миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 17-22-юми май дар Оренбурги Русия сурат мегирад, намояндагӣ мекунанд.

Баъди анҷоми мусобиқа дар Оренбург Абубакр Раҳмонов (+100 кг) дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми губернатори вилояти Челябинск, ки аз 22-юм то 24-уми май доир мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар шаҳри Хасавюрти Доғистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Вай дар вазни то 90 кг бар рақибонаш аз Доғистон, Адигей пирӯзӣ ба даст овард, вале баъдан аз ғолиби ин мусобиқа Мурат Шадов (Қабардину Балқар) мағлуб гашт ва дар мубориза барои медали биринҷӣ гуштигири вилояти Тюменро шикаст дод.
XS
SM
MD
LG