Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори дигари Путин дар мавриди Сурия


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, алайҳи ҳаргуна амале, ки вазъро дар Сурия бадтар кунад, ҳушдор додааст. Путин дар бора баъд аз мулоқоташ бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар шаҳри Сочи сухан гуфт. Раиси ҷумҳури Русия, зоҳиран мудохилаи эҳтимолии хориҷӣ ба муноқиша дар Сурия ва мусаллаҳ кардани шӯришиёнеро дар назар дошт, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд. Ҳафтае пеш аз ин ҳавопаймоҳои Исроил ба таъсисоти низомии Сурия ҳамла карданд. Дигар ин ки гузориш шудааст, ки Русия қасд дорад, ба Сурия системаи пешрафтаи зиддимушакии S-300-ро бифурушад. Сафари Нетаняҳу ба Русия дар замонест, ки талошҳои дипломатӣ барои ҳалли муноқиша дар Сурия бештар шудааст. Аз ҷумла Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал ҳамин ҳафта барои баррасии роҳҳои хотима додан ба хунрезии дусола дар Сурия ба Маскав сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG