Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19), ки тирамоҳи соли равон дар бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ширкат хоҳад кард, дар Кувайт ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ намуд.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Осиё дар пойтахти Кувайт – Ал Кувайт ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд.


Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Лубнон рақобат мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Кувайт чунин аст:

дарвозабонҳо: Дилшод Дадабоев («Пахтакор», Ҷаббор Расулов), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»);

ҳимоятгарон: Анварҷон Ҳамроқулов, Фирдавс Чақалов (ҳарду аз ССКА «Помир»), Самандари Хайриддин, Зокир Иброҳимов (ҳарду аз «Истиқлол»), Алишер Ҷӯраев («Энергетик»);

нимҳимоятгарон: Зайниддин Сафаров, Вайсиддин Сафаров, Додохон Муъминов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Салимҷон Умуров («Вахш»), Мӯҳсинҷон Парпиев («Хайр»), Дилшод Расулов (РТСУ, Душанбе);

ҳамлагарон: Суннатулло Холов («Вахш»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Энергетик»), Сиёвуш Мӯҳсинов («Истиқлол»), Комрон Турсунов (РТСУ, Душанбе).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG