Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкориҳои созмонҳои футболи Тоҷикистон ва Баҳрайн


Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа (аз рост) зимни мулоқот бо Азизбек Раҷабов (аз чап).

Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа (аз рост) зимни мулоқот бо Азизбек Раҷабов (аз чап).

Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа, раиси Созмони футболи Баҳрайн, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, имрӯз, 19-уми апрел бо Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, мулоқот хоҳад кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷараёни ин мулоқот масоили ҳамкориҳо миёни созмонҳои футболи ҳарду кишвар баррасӣ мешавад.

Азизбек Раҷабов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки бо даъвати раиси Созмони футболи Баҳрайн Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа моҳи январи соли равон бозии ниҳоии Ҷоми кишварҳои халиҷи Форсро дар пойтахти Баҳрайн - Манама тамошо карда буд, дар бораи сафари худ ба Баҳрайн ба радиои Озодӣ» гуфт, «баъди бозии ниҳоӣ ман бо раиси Созмони футболи Баҳрайн Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа вохӯрдам. Сӯҳбати мо хеле судманду шавқовар гузашт. Дар ин мулоқот мо баъзе аз масоили ҳамкориҳоро миёни федератсияҳои миллии ҳарду кишвар, минҷумла, баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Баҳрайн ва Тоҷикистон баррасӣ кардем. Ҳамчунин мо гузаронидани ҷамъомадҳои муштараки таълимиву тамриниро дар Аврупо муҳокима намудем.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG