Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт


20-уми апрел дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт ниммарафони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.

Дилшод Қурбонов, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, “дар ин ниммарафони байналмилалӣ, ки барои бори чорум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир мешавад, ба ҷуз варзишгарони тоҷик давандаҳои касбӣ аз бародаршаҳрҳои Душанбе, инчунин, аз шаҳрҳои бузурги кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳое, ки бо мо ҳамкориҳои судманди иқтисодиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доранд (мардону занони синнашон аз 18-сола боло) ширкат хоҳанд кард. Ҳоло барои дар ин марафон иштирок кардан варзишгарони Афғонистон, Беларус, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон, Украина ва Эрон ба мо дархост пешниҳод кардаанд. Инчунин ширкати варзишгарони Покистону Чин низ дар назар аст. “

Дилшод Қурбонов - сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе
Дилшод Қурбонов - сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе
Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи Душанбе – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) барпо мегардад.

Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст. Ӯ афзуд: “ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд: ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ. Мукофотро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга дар маросими ботантана бахшида ба Рӯзи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев месупорад. Ҳамчунин дар ин маросим ғолибони озмунҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - “Беҳтарин мураббии варзиши сол”, Беҳтарин мактаби варзишии сол”, “Беҳтарин соҳибкор – ҳаводори варзиши сол” ва “Беҳтарин варзишгари сол” бо ҷоизаҳо сарфароз мегарданд.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:51 0:00


Ҷаноби Қурбонов, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳамзамон пойга миёни бачаҳои синнашон аз 8 то 10-сола ба масофаи 3 км, аз 10 то 12-сола ба масофаи 5 км ва аз 12 то 15-сола ба масофаи 8 км барпо мегардад ва ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои шаҳрдории Душанбе сарфароз мешаванд.

Инчунин, бахшида ба Рӯзи пойтахт бо дастгирии шаҳрдории Душанбе мусобиқаи футболи хурд байни кормандони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG