Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳамлаи Бостонро амали буздилона номид


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, таркишҳои рӯзи 15 апрел дар дави марафонии Бостон ҳамчун амали террористӣ таҳқиқ хоҳанд шуд.

Барак Обама рӯзи сешанбе дар Кохи Сафед дар як баёнияи кӯтоҳ ин бомбгузориҳоро “як амали нафратовар ва буздилона” номид, вале гуфт, ҳанӯз рӯшан нест, ки ин ҳамлаҳоро кӣ ва барои чӣ анҷом додааст: “Ончӣ ки мо ҳанӯз намедонем, ин аст, ки ин ҳамларо кӣ ва чаро анҷом дод, оё он аз сӯи созмони террористии дохилӣ ё хориҷӣ тарҳрезӣ ва иҷро шудааст, ё амали дасти як фарди бадхоҳ буд.Ин аст чизе ки мо ҳанӯз намедонем. Ва албатта, мо дар оғози таҳқиқ қарор дорем. Таъқиби ҳар фарзия ва маълум кардани асли воқеъа вақт мехоҳад. Аммо мо пайдо хоҳем кард.”

Ин дувумин изҳороти Обама дар мазҳари ом аз замони таркишҳо дар сабқати солонаи Марафони Бостон буд. Обама ин бор ҳам ваъда дод, ки омилони ин ҳамларо ба масъулият хоҳанд кашонд.


Дар ҳамлаҳои Бостон 3 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 8-сола, кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, беш аз 170 тани дигар ҷароҳат бардошта, 17 тани онҳо дар вазъи вахим қарор доранд.

Маъмури FBI Рик ДесЛаурес, ки раҳбари таҳқиқот аст, гуфт, доманаи ин таҳқиқот маҳдудаи фаротар аз Бостонро дар бар хоҳад гирифт: “Ин як таҳқиқоти ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Мо ба ҷойҳое хоҳем рафт, ки далоилу шавоҳид моро хоҳанд бурд. Мо барои ташхиси нафар ё нафароне, ки масъули ин ҷинояти манфуранд, то ҳар кунҷи сайёра хоҳем рафт ва тамоми корро мекунем, ки онҳоро ба масъулият кашем.”

Волии аёлати Массачусетс Девал Патрик гуфт, бар хилофи гузоришҳои қаблӣ ягон бомби натаркида ёфт нашудааст. Таркишҳои Бостонро раҳбарони ҷаҳон маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG