Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марафон дар Бостон бо фоҷеа анҷомид. 3 кушта ва 140 захмӣ


Рӯзи душанбе дар хати ниҳоии дави умумӣ ё марафон дар шаҳри Бостони Амрико, таркиш рух дод.

Бино ба охирин гузоришҳо, дастикам 3 нафар кушта шуда ва беш аз 140 захм бардоштаанд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар нутқе гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки чӣ касе дар пушти ин таркишҳо будааст. Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, афроди масъул ба сазои аъмолашон хоҳанд расид. Ин ду таркиш дар фосилаи чанд сония ва дар наздикии якдигар рух доданд.

Барак Обама дар нутқи худ аз истифодаи иборати «терроризм» худдорӣ кард. Вай гуфт, бо раиси FBI ва вазири амнияти дохилӣ дар бораи ин таркишҳо суҳбат кардааст. Чанд лаҳза баъд аз ин суханронии Обама, як мақоми Кохи Сафед ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки Вошингтон ба ин таркишҳо ба унвони иқдоми террористӣ нигоҳ мекунад. Як мақомоти амниятӣ ҳам гуфтааст, ки ду бамби дигар ҳам наздики хатти поёнии марафон кашф шудааст, ки ҳикоят аз як иқдоми ҳамоҳанг дорад.

Дар пайи ин ду таркиш тадбирҳои амниятӣ дар шаҳрҳои Амрико афзоиш ёфта ва пулис ва нерӯҳои зиддитеррористӣ ба ҳолати омодабош даромадаанд. Пулиси Бостон аз мардум хостааст, то дар хонаҳои худ бимонанд ва агар хабаре доранд, ба мақомҳои масъул дар тамос шаванд. Ба гуфтаи пулиси Бостон, пеш аз вуқуи таркишҳо, ҳеҷ гузорише дар бораи таҳдиди эҳтимолӣ дарёфт накарда буданд.

Марафони Бостон аз соли 1897 то кунун дар душанбеи севуми моҳи апрел баргузор мешавад. Наздик ба 20 ҳазор ҳамасола дар ин марафон ширкат мекунанд.


XS
SM
MD
LG