Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед таркишҳои Бостонро "амали террористӣ" номид


Кохи Сафеди Амрико ду инфиҷор дар қисмати поёнии дави умумӣ ё марафони Бостонро “амали террористӣ” арзёбӣ кард.

Барак Обама-раиси ҷумҳури ин кишвар ваъда дод, ки омилони ин инфиҷор пайдо ва ба муҷозот кашонда мешаванд: “Мо ҳоло дар марҳилаи бозрасӣ қарор дорем, вале ман мехоҳам ба як нукта таъкид кунам: Мо касонеро, ки ин амалро содир карданд, пайдо мекунем ва ба масъулият мекашем.”

Дар ду инфиҷори Бостон 3 нафар кушта, 145 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин дав маъмулан ҳар сол дар Рӯзи Ватанпараст ё Patriot Day баргузор мешавад. Баъд аз поёни дав маросимҳои ин ҷашн оғоз мешавад. Вале то 16 сония ба поёни дави мазкур ду инфиҷор дар хати поёнии марафон ҷашни Рӯзи Ватанпарастро ба фоҷеа табдил дод.

Фурудгоҳи Бостон парвози ҳавопаймоҳоро муттаваққиф сохт, пулис аз ронандагон хост, ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро холӣ кунад. Хадамоти телефонҳои ҳамроҳ ё мобил муддате қатъ шуд, то аз дур ба воситаи занги телефон анҷом додани чунин инфиҷорҳо ғайриимкон шавад.

Шаҳри Бостон дар лаҳзаҳои инфиҷор пуродам буд. Танҳо барои ширкат дар дави умумӣ, ки 42 километрро ташкил медод, аз 96 кишвар 27 ҳазор омада буданд ва 500 ҳазор нафари дигар дар имтидоди роҳ давро тамошо мекарданд ва мехостанд дар маросимҳои Рӯзи Ватанпараст ширкат ҷӯянд. Ба ин сабаб пулис ва нируҳои амниятӣ дар чунин шароит тадобири амниятиро ташдид бахшиданд.

Барои он, ки ин инфиҷорҳо амали террористӣ арзёбӣ шудааст, мақомоти федеролӣ ба раҳбарии дафтари FBI дар Бостон ин амалро якҷо бо ниҳодҳои зидди террористӣ таҳқиқ мекунанд.

Дар хиёбони Боуслони Бостон дақиқ дар лаҳзаҳое, ки давандагон баъд аз расидан ба марра дӯстону наздикони худро ба оғӯш мекашиданд ва акнун мехостанд хастагии роҳро рафъ созанд, хиёбону роҳравҳо бо хун олуда шуд.
Захмиҳо ба андозае зиёд буданд, ки дар лаҳзаҳои аввал баъзеҳо танобҳои оддиро барои нигаҳ доштани хунравӣ истифода мекарданд.

Ба гуфтаи пулис, бамҳоро дар қуттиҳои партовҳо тақрибан дар масофаи 80-90 метр аз хати марра гузошта буданд ва онҳо бамҳои аз дур ҳидоятшаванда будаанд. Мақомот мегӯяд, ки ду халтаи шубҳабарангезро дар маҳал пайдо кардаанд.



Дави Бостон аз соли 1897 ба ин сӯ ҳар сол баргузор мешавад. Дар дави аввал 18 нафар ширкат ҷустанд ва он нахустин дав ё марафон дар ҷаҳон буд. Ҷоизаи ин дав бори аввал дар соли 1986 эълон шуда буд ва маблағи он 800 000 долларро ташкил медиҳад.

Дар дави кунунии Бостон Лелиса Десиса-шаҳрванди Эфиопия дар дави мардона пирӯз шуд. Вай масофаи 42 километрро дар 2 соату 10 дақиқаву 22 сония тай кард. Вале рекорди ин дав ба Ҷефрӣ Мутай шаҳрванди Кения тааллуқ дорад. Вай соли 2011 ин масофаро дар 2 соату 3 дақиқаву 2 сония давид.

Баъд аз инфиҷор дар Вашингтону Нию Йорк ва шаҳрҳои дигар низ тадобири амниятӣ гирифта шудааст. Меҳмонсароҳо зери назорати пулис ва нируҳои амниятӣ қарор доранд. Ҳатто атрофи Кохи Сафеди Амрико нисбат ба рӯзҳои маъмулӣ бештар зери назорати амниятиҳо қарор дорад.

Баъд аз инфиҷори Бостон ҳоло дар Лондон низ созмондиҳандагон ва нируҳои амниятӣ дар остонаи баргузории марафони Лондон тадобири амниятиро қаввитар кардаанд, вале мегӯянд, ки онро лағв намекунанд.
XS
SM
MD
LG