Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркманистон ба Тоҷикистон нерӯи барқ мефиристад


Туркманистон солҳои наздик содироти нерӯи барқро панҷ баробар бештар хоҳад кард. Хабаргузории давлатии “Туркменистан сегодня” навиштааст, ин нуктаи аслии санади рушди бахши энерҷии барқ барои солҳои 2013-2020 аст, ки ахиран аз сӯи раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо шуд. Қарор аст, ки Туркманистон чанд кишвари дуру наздик, аз ҷумла, Тоҷикистон, Покистон ва Арманистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад.

Дар марҳалаи аввали татбиқи ин тарҳ бунёди 8 нерӯгоҳи барқиву газӣ дар вилоятҳои Ахал, Лабиоб ва Марв, бозсозии нерӯгоҳҳо дар шаҳрҳҳои Саидӣ, Балканобод ва Ободон ва бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқ пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки татбиқи ин чораҳо боиси то соли 2016 ҳадди аққал ду баробар боло рафтани тавлиди барқ дар Туркманистон хоҳад шуд.

Дар марҳалаи дуввум, аз ҷумла, бунёди боз 6 нерӯгоҳи азим, дар назар аст. Ҳукумати Туркманистон барои боло бурдани тавлидоти нерӯи барқ беш аз 5 миллиард доллар ҷудо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG