Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои парвоз ба Миррих зану мард лозим мешавад


Акси Миррих, ки аз тарафи киштии кайҳонии ИМА-Curiosity гирифта шудааст.

Акси Миррих, ки аз тарафи киштии кайҳонии ИМА-Curiosity гирифта шудааст.

Сарватманди 72-солаи амрикоӣ Денис Тито тасмим гирифтааст ду нафарро ба Миррих фиристад. Соли 2001-ум Тито 20 миллион доллар пардохт намуда, ба ҳайси аввалин сайёҳи кайҳонӣ тавассути киштии кайҳонии Союзи Русия ба пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ сафар кардааст. Рӯзи чоршанбе Тито изҳор намуд, ки ин сафарро бо ҳадафи бахшидани илҳом ба наслҳои оянда тарҳрезӣ кардааст. Тито гуфт, рафту баргашт ба Миррих тахминан 501 рӯз идома хоҳад кард ва аз ин рӯ, шояд як зан ва як мард-эҳтимол зану шавҳар бо иртибот қавии оилавӣ, ба ин сафар интихоб шаванд. Тито тахмин карда, ки сафар ба Миррих моҳи оянвари соли 2018-ум оғоз ёбад ва ҳайати кайҳоннавардон нақша надоранд, дар рӯи Миррих қадам гузоранд. Тито дар бораи сармоягузории ин сафар ҳамин қадар гуфт, ки харҷи онро сармоягузорони хусусӣ ва хайрхоҳон пардохт менамоянд. Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки харҷи чунин барнома аз 1,2 то 2 миллиард доллар буда метавонад.
XS
SM
MD
LG