Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар бузургтарин шаҳри тиҷоратии ҷануби Ҳинд


3
3
Инфиҷорҳо дар шаҳри Ҳайдаробод, воқеъ дар ҷануби Ҳиндустон, дасти кам 11 кушта бар ҷой гузошта ва 50 нафари дигарро захмӣ карданд. Вазорати умури дохилии Ҳиндустон изҳор намуд, ки маводи мунфаҷира дар велосипедҳо насб шуда буданд ва дар хиёбонҳои сериздиҳом дар тули чанд дақиқа тарконида шуданд.

Манмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳиндустон, ин ҳамларо маҳкум кард ва талаб намуд, ки муҷримон боздошт ва муҷозот шаванд. Ӯ ҳамчунин аз мардум хост, ки орому сабур бошанд.

Телевизиони давлатии Ҳиндустон хабар дод, ки кормандони полис дар ҳама шаҳрҳои бузурги кишвар дар ҳоли омодабош қарор доранд.

Ҳайдаробод тақрибан 7 миллион аҳолӣ дорад ва яке аз марказҳои асосии тиҷоративу иқтисодӣ дар ҷануби Ҳиндустон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG