Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин дидор табодули назар бар сари вазъи ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон ва шароите, ки созмонҳои ғайридавлатӣ дар он фаъолият мекунанд, сурат гирифт.

Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА пас аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 21 феврал бо намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон мулоқот кард.

Ин сӯҳбат дар бинои Сафорати ИМА дар Душанбе баргузор шуд ва дар он асосан масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва расонаҳо ҳузур доштанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон ё НАНСМИТ, ки дар ин нишаст ширкат доштааст, дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" ҳадафи аслии мулоқоти Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА, бо намояндагони ҷомеаи маданиро ошноӣ бо вазъи сиёсӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, фаъолиятҳои ҷомеаи мадании ин кишвар ва мушкилоте, ки пешорӯи онҳо вуҷуд дорад, арзёбӣ кард.

Вай гуфт, «табодули назаре, ки дар ин мулоқот сурат гирифт, барои фаъолияти минбаъдаи созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муассир аст ва аз сӯи дигар ҳамчунин барои тарҳрезии сиёсати хориҷии ИМА низ шояд муфид бошад».

Нуриддин Қаршибоев - раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон (НАНСМИТ)

Нуриддин Қаршибоев - раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон (НАНСМИТ)

Ба таъкиди ҷаноби Қаршибоев, дар ҷараёни нишаст, мушкилоте, ки матраҳ гардид, бештар ба ҳимояи ҳуқуқи инсон, озодиҳои шаҳрвандӣ ва мавориди шиканҷа ва рабт доштанд.

Ба гуфтаи раиси НАНСМИТ, «ҳарчанд бархе аз ширкаткунандагони нишаст ба дастовардҳои сиёсӣ ва қонунгузории Тоҷикистон ишора карданд, аммо аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки мутаассифона меъёрҳои қонун ба таври дуруст истифода намешаванд ва дар ҳолатҳое дигар меъёрҳо ба кор мераванд. Ба хусус дар мавриди шиканҷа, ки бо он ки банди махсус дар қонуни ҷиноӣ ворид карда шуд, аммо ҳангоми баррасии қазияҳои марбут ба ин зуҳурот, на ҳамеша аз ин модда истифода мешавад.»



Фишор болои хабарнигорон ва расонаҳо ва мавориди сайтбандиҳо низ, мегӯяд Нуриддин Қаршибоев, дар ҳузури Роберт Блейк матраҳ шуд.

Аз сӯи дигар, эҷоди маҳдудияти озодиҳои динӣ ва мушкилот дар фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ аз мавзӯоте будааст, ки аз сӯи Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари созмони «Переспектива плюс» матраҳ шудааст.
Зеро, ба таъкиди ин ҳуқуқдони тоҷик, ахиран ин гуна монеаҳо ва маҳдудият бештар шудааст.

Ойниҳол Бобоназарова - ҳуқуқшиноси тоҷик ва раҳбари созмони «Переспектива плюс»

Ойниҳол Бобоназарова - ҳуқуқшиноси тоҷик ва раҳбари созмони «Переспектива плюс»

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, «масалан, бубинед, чанд созмони иҷтимоиро ба додгоҳ кашиданд ва фаъолияташонро боздоштанд. «Ампаро» ва як созмони дигар ҳам дар Хуҷанд. Ин гуна шикоятҳо зиёд ҳаст. Инчунин, масъалаи озодии динӣ барои сокинон, бахусус дар масъалаи манъи занон ва ҷавонон барои адои намоз дар масҷид, ки аз маҳдудияти озодиҳои маданист. Давлат бояд бо ҷомеаи маданӣ ҳамкорӣ кунад.»

Масъулони созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон бар ин боваранд, ки табодули назар дар масоили марбут ба фаъолияти ҷомеаи мадании Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти онҳо ва ҳамчунин тарҳрезии сиёсати хориҷии ИМА дар ин кишвари Осиёи Марказӣ муҳим хоҳад буд.

Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА, ба намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон низ гуфтааст, дар дидорҳое, ки бо мақомоти Тоҷикистон, бахусус Эмомалӣ Раҳмон, президенгти Тоҷикистон ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, ин мавзӯотро дар миён гузошта ва хостори мусоидат дар озодиҳои бештар барои мардуми Тоҷикистон шудааст. Ҳамчунин, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА ба намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон гуфтааст, ки минбаъд низ ин масоилро пайгирӣ хохад кард.

Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА, қабл аз мулоқот бо намояндагони ҷомеаи маданӣ дар нимаи аввали рӯз дар мушовараи сиёсии миёни Тоҷикистон ва ИМА ширкат кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин нишаст ҳайатҳои Тоҷикистон ва ИМА бо сарпарастии Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳузур доранд. Густариши ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталиф дар меҳвари мушовараи сиёсии Тоҷикистон ва ИМА қарор дорад.

Нахустин мушовараи сиёсии ду кишвар моҳи феврали соли 2010 дар шаҳри Вашингтон доир шуда буд. Нишастҳои баъдӣ дар солҳои 2011 ва 2012 дар Душанбе ва Вашингтон баргузор шудаанд.

Роберт Блейк дар ин лаҳзаҳо натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон, бахусус ширкат дар мушовараи сиёсии Тоҷикистон ва ИМА -ро дар як нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» шарҳ медиҳад.

Ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА рӯзи чоршанбеи 20 феврал вориди Душанбе шуд ва нахуст бо намояндагони ҷомеаи мадании байналмилалии муқими Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Худи ҳамон рӯз пас аз зуҳр бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон диор ва масоили густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифро баррасӣ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG