Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Роберт Блейк аз Тоҷикистон идома дорад


Роберт Блейк дар Тоҷикистон
Роберт Блейк дар Тоҷикистон
Имрӯз боздиди Роберт Блейк-ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Тоҷикистон идома меёбад. Вай дар рӯзи аввали боздидаш 20 феврал бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикстон мулоқот кард ва пас аз мулоқот гуфт, ки вай хостори баргузории интихоботи шаффоф, демократӣ ва озоди раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ҷаноби Блейк афзуд, «дар ҷараёни мулоқот дар робита бо интихоботи моҳи ноябрии раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат шуд ва раиси ҷумҳурро ба он ташвиқ кардем, то шароити баргузории интихоботи шафофу озод ва мунсифонаро таъмин кунад.
Ҳамчунин аз раиси ҷумҳур хоста шуд, то озодиҳои бештареро барои матбуот ва баёни фикр фароҳам кунад.»

Ба таъкиди ин мақоми амрикоӣ, густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, ба хусус дар заминаи таҳкими марз ба манзури мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва терроризм, дар меҳвари мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG