Пайвандҳои дастрасӣ

Роберт Блейк хостори интихоботи озоди президентӣ дар Тоҷикистон шуд


Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико, хостори баргузории интихоботи шаффоф, демократӣ ва озоди раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ин матлабро ҷаноби Блейк рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми феврал пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикстон баён кард.

Ҷаноби Блейк, ки пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, «дар ҷараёни мулоқот дар робита ба интихоботи ноябрии президентӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат шуд ва раиси ҷумҳурро ба он ташвиқ кардем, ки то интихоботи шафофу озод ва мунсифонаро баргузор кунад. Ҳамчунин аз раиси ҷумҳур хоста шуд, то озодиҳои бештареро барои матбуот ва баёни фикр фароҳам кунад.»

Ба таъкиди ин мақоми амрикоӣ, густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, ба хусус дар заминаи таҳкими марз ба манзури мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва терроризм, дар меҳвари мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарор гирифтааст.


Вай аз талошу ҷонибдории президенти Тоҷикистон барои таъмини суботу амният дар Афғонистон ва ба вижа нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ дар қаламрави ин кишвар тақдир кардааст. Ҳамзамон Роберт Блейк узвияти Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро гоми муҳим барои беҳтар шудани тиҷорат дар минтақа арзёбӣ кардааст.

Аммо вай дар посух ба суоли хабарнигорон, ки «Оё ИМА барои берун шудани неру ва интиқоли таҷҳизоти низомиаш аз Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон истифода хоҳад кард ё хайр?» гуфт, ки «дар ҷараёни мулоқот тавоноии истифодаи фуругоҳҳои Тоҷикистон барои интиқоли таҷҳизоти низомӣ аз Афғонистон баррасӣ нашуд ва то ҷое ман огоҳам, нияти берун кардани неруҳо низ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон вуҷуд надорад.»

Мулоқоти ҷаноби Блейк бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи Миллат беш аз ду соат идома кардааст.

Муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубиву марказӣ, субҳи имрӯз аз Ҳинд бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд.

Ӯ субҳи имрӯз дар Дафтари намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе, бо намояндагони ҷомеаи мадании кишвар мулоқот намуд.
Дидору гуфтугӯи ёвари вазири умури хориҷии Амрико бо мақомоти дигари аршади давлатии Тоҷикистон дар назар аст.

Ширкат дар мушовараи сиёсии Тоҷикистон ва ИМА, аз ҳадафҳои меҳварии сафари ҷаноби Блейк ба Душанбе мебошад. Интизор меравад Роберт Блейк фардо, панҷшанбеи 21-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ натоиҷи боздид ва гуфтугӯҳояш аз Тоҷикистонро бо хабарнигорон дар миён бигузорад.

Нахустин мушовараи сиёсии ду кишвар моҳи феврали соли 2010 дар Вошингтон доир шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG