Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 46 кило маводи мухаддир дар Шӯрообод


Бар асари роҳандозии як амалиёти муваффақона дар қаламрави ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бештар аз 46 кило маводи мухаддирро кашф ва мусодира карданд. Ин амалиёт рӯзи гузашта сурат гирифт ва кормандони агентӣ ба гумони интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир мошини сабукрави тамғаи “Опел-астра”-ро боздошт карданд. Зимни азназаргузаронии мошин кормандони агентӣ дар бордони он ду халтаро, ки андарунаш 50 брикети пресскардашуда ва 2 бастаи скочпечи дорои моддаи хамирмонанди қаҳваӣ бо бӯи махсус дошт, ошкор карданд. Лабораторияи ташхиси судии агентӣ 43 кило ҳашиш ва наздик ба 4 кило афюн будани маводи мусодирашударо тайид кард. Дар ҷараёни баргузории амалиёти тафтишотӣ муайян гардид, ки маводи мухаддир ба сокини 35-солаи деҳаи Мишкорони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод тааллуқ доштааст. Айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. Нафари дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG