Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО ҳамла ба сафорати Амрикоро маҳкум кард


Сафорати Амрико дар Анкара ҳангоми ҳамла

Сафорати Амрико дар Анкара ҳангоми ҳамла

Паймони НАТО ҳамла ба сафорати Амрикоро дар Туркия ҳамчун ҳамлаи “асабоникунанда” маҳкум кард. Як бамгузори интиҳорӣ рӯзи ҷумъа дар ҳамлае худ ва як посбони сафоратро дар Анкара ба қатл расонд.

Кохи Сафеди Амрико ин ҳамлаи интиҳориро амали террористӣ арзёбӣ кард. Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахусвазири Туркия гуфт ҳамлакунанда узви гурӯҳи тундрави чапгаро, яъне Ҳизби Инқилобии Озодихоҳи Мардумӣ будааст, ки бо НАТО ва Амрико мухолифат дорад.

Ахиран Амрико мушакҳои Patriot-и худро дар қаламрави Туркия мустақар кард, то ин кишварро аз ҳамлаҳои Сурияи ҳамсоя ҳимоят кунад.

Дар гузашта ҳам биноҳои дипломатии Амрико дар Туркия ҳадафи ҳамлаи террористҳо қарор гирифта буданд. Соли 2008 дар як ҳамла, ки гуфта мешуд афроди Ал Қоида дар назди консулгарии Амрико дар Истамбул анҷом додаанд, 3 корманди пулис ва се ҳамлакунанда кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG