Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки дар Ҷоми Иттиҳод-2013 дар бозии дувумаш бар тими Латвия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Ин бозии даври дувуми гурӯҳи «А» шаби шанбе, 19-уми январ дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Аҳтам Назаров дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 39-ум тӯби аз самти рости майдон равонкардаи Ҷаҳонгир Эргашевро ба кунҷи дарвозаи дастаи Латвия ворид намуд. Бояд гуфт, ки футболбозони тоҷик боз чандин имконияти хуби голзаниро аз даст доданд. Баъди зарбаи Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 80-ум тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Бозигарони мунтахаби Латвия низ вазъиятҳои хуб доштанд, вале маҳорати баланди дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Саидҷон Саидраҳмонов ба онҳо имкон надод, ки муваффақ шаванд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ин бозӣ бо чунин ҳайат ба майдон омад: Саидҷон Саидраҳмонов, Фуруғ Қодиров, Алишер Шарифов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов, Нуриддин Давронов (капитан), Расул Файзов, Ҷаҳонгир Эргашев, Аҳтам Назаров, Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам .

Дар нимаи дувуми бозӣ Шавкати Ҳотамро Наврӯз Рустамов (55), Алишер Шарифовро Наим Улмасов (61), Шодибек Ғаффоровро Шамсиддин Қосимов (70) ва Ҷаҳонгир Эргашевро Фирдавсӣ Қурбонов(90) иваз карданд.

Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Беларус бар тими Эстония бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 18-уми январ дар нахустин бозиаш дар Ҷоми Иттиҳод-2013 бар тими Эстония низ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Тӯбро дар дақиқаи 88-ум Ҷаҳонгир Эргашев аз масофаи наздик, тахминан ҳашт метр ба дарвозаи дастаи Эстония ворид кард.

Ба ин тартиб баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” мавқеи дастаҳо дар ҷадвал чунин аст: 1. Беларус - 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 5-1). 2. Тоҷикистон – 6 (2-0). 3. Эстония – 0 (1-3). 4. Латвия – 0 (0-4).

Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус ва Тоҷикистон сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи “А” ба чорякфинал баромаданд.

Футболбозони ҷавони тоҷик бозии севумро 21-уми январ бо тими Беларус анҷом медиҳанд. Натиҷаи ин бозӣ ғолиби гурӯҳро муайян мекунад.



Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013:

18-уми январ (ҷумъа)
1) 13:00. Гурӯҳи A. Беларус – Латвия – 3:0
2) 15:15. Гурӯҳи A. Эстония – Тоҷикистон – 0:1
3) 17:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Қазоқистон – 1:3
4) 20:00. Гурӯҳи B. Русия – Узбакистон – 2:2

19-уми январ (шанбе)
5) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Литва - 3:0
6) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Туркманистон - 2:1
7) 16:30. Гурӯҳи А. Эстония – Беларус – 1:2
8) 19:00. Гурӯҳи А. Тоҷикистон – Латвия – 1:0

20-уми январ (якшанбе)
9) 12:00. Гурӯҳи B. Узбакистон – Қазоқистон - 1 : 0
10) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Украина - 0 : 2
11) 16:30. Гурӯҳи C. Туркманистон – Литва - 0 : 0
12) 19:00. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Русия - 0 : 0

21-уми январ (душанбе)
13) 12:00. Гурӯҳи А. Беларус – Тоҷикистон
14) 14:15. Гурӯҳи А. Латвия – Эстония
15) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Узбакистон
16) 19:00. Гурӯҳи B. Русия - Қазоқистон

22-юми январ (сешанбе)
17) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Туркманистон
18) 14:15. Гурӯҳи C. Литва – Молдова

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал.
20) 14:15. 1/4 финал.
21) 16:30. 1/4 финал.
22) 19:00. 1/4 финал.
24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
27) 16:30. Нимфинал.
28) 19:00. Нимфинал.

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум.
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум.

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум.
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум.
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум.
34) 19:00. Финал.
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG