Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсиони байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) рейтинг ё феҳристи нави мусобиқоти қаҳрамонии миллиро нашр кард.

Бояд тазаккур дод, дар мавриди тартиб додани ин феҳрист натиҷаҳои нишондодаи бошгоҳҳои футбол ҳам дар мусобиқоти дохили кишвар ва ҳам дар мусобиқоти байналмилалӣ ба назар гирифта мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Испания (Примера) зӯртарин мусобиқаи миллӣ дар ҷаҳон дониста шудааст. Дарвоқеъ, ҳайати дастаи мунтахаби рамзии ҷаҳон-2012 комилан аз бозигарони ин мусобиқаи қаҳрамонии миллӣ тартиб дода шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Бразилия - Серия А дувум ва Бундеслигаи Олмон севум шуданд. Премйер-лигаи Украина дар ҷойи 11-ум ва Русия дар ҷойи 19-ум қарор доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ин феҳрист дар ҷойи 121-ум мебошад ва миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон пеш аст.

Феҳристи мусобиқоти қаҳрамонии миллӣ дар соли 2012-ум:
1. Испания - 1283,0. 2. Бразилия - 1057,0. 3. Олмон - 1037,0. 4. Италия - 1034,0. 5. Инглистон - 1007,0. 6. Аргентина - 919,0. 7. Фаронса - 880,0. 8. Ҳолланд - 738,0. 9. Парагвай - 712,5. 10. Чили - 711,5. 11. Украина - 701,0. 12. Белгия - 694,0. 13. Эквадор - 688,0. 14. Руминия - 657,0. 15. Кореяи Ҷанубӣ - 653,0. 15. Туркия - 653,0. 17. Юнон - 645,5. 18. Португалия - 633,0. 19. Русия - 626,0. 20. Мексика - 614,5… 34. Молдова - 403,0… 39. Беларус - 385,5… 46. Гурҷистон - 355,0. 46. Латвия - 355,0… 53. Литва - 342,0… 54. Узбакистон - 339,5… 59. Эстония - 330,0… 75. Арманистон - 269,0… 84. Озарбойҷон - 250,0… 104. Қазоқистон - 174,0… 116. Туркманистон - 126,5… 121. Тоҷикистон - 114,0… 123. Қирғизистон - 105,0…
XS
SM
MD
LG