Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми худро дар мавриди амволи ширкати «Мовароуннаҳр» тавзеҳ дода, фурӯши сохтмонҳои ниматамоми ин ширкатро манъ кард.

Бино бар ин ҳукм, Додгоҳи олии Тоҷикистон 13-уми сентябри соли 2011 амволи ширкати “Мовароуннаҳр”-ро, ки “дар ҳоли ҳабс” қарор дошт, озод карда иҷозат дода буд, сохтмони биноҳои нотамом ба анҷом расонда шавад.

Аммо иҷрокунандагони амри додгоҳ як ҷумлаи ҳукмро ба таври худ шарҳ дода, биноҳои ширкатро ба фурӯш гузоштанд. Дар ин ҷумла омада буд, ки “барои барқарор кардани товони зарар ба ҷабрдидагон, мувофиқи шартномаҳои саҳмдории онҳо ба биноҳои номбурда нигаронида шавад.”

Ҳанӯз вақти баромадани ин ҳукм, муштариёни «Мовароуннаҳр» онро “норӯшан” ва “духӯра” номида, бо оғози фурӯши моликияти ширкат ва махсусан сохтмонҳои нотамом дар назди Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва аз он хостанд, ҳукми худро шарҳ диҳад. Дар ин тазоҳуроти рӯзи 15-уми декабри соли 2011 муштариён ин пешниҳодро ҳам карданд, ки метавонанд, бо пули худ сохтмони биноҳоро ба анҷом расонида, соҳиби манзил шаванд.

Музаффар Насимов, масъули ширкати “Мовароуннаҳр” рӯзи 7-уми январ дар сӯҳбат ба ”Озодӣ” гуфт, онҳо акнун аз Додгоҳи олии Тоҷикистон нома дарёфт кардаанд, ки дар он мазмуни ҳукми охири ин додгоҳ дар мавриди амволи ширкат тавзеҳ дода шудааст: “Дар ин мактубе, ки мо аз Додгоҳи олӣ дарёфт кардем, омадааст, дар санадҳои судӣ дар мавриди он, ки маблағҳои депозити дар ихтиёри Прокуратураи генералӣ қарор доштаи ширкати “Мовароуннаҳр” ба фоидаи давлат мусодира шавад, ё ки биноҳои сохтмонҳои нотамом фурӯхта ва маблағи аз он ба даст омада, ба муштариён тақсим карда шавад, ягон сухан намеравад.”

Ҷаноби Насимов афзуд, ки нусхаи ин мактуби Додгоҳи олӣ ба судиҷрочиёни ноҳияи Синои Душанбе низ ирсол шудааст ва интизор меравад, ки нақшаи фурӯши сохтмонҳо амалӣ нахоҳад гашт. Масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон аз ҳама гуна шарҳи иловагӣ ва посух ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.

Солеҳа Назарова, яке аз муштариёни гуфт, ки бо пойфишориҳои онҳо Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми охири худро шарҳ дод ва муштариёни “Мовароуннаҳр” умедворанд судиҷрочӣ зудтар биноҳои ширкатро аз ҳабс озод кунад: “ Шаш сол мешавад, ки мо интизори манзилҳои худ ҳастем. Мақомот имрӯз-пагоҳ гуфта то ҳол ба сохтмони биноҳо монеа шуданд. Аксарияти мо муштариён иҷроанишинем, пули иҷораи хона бошад то 300 доллар боло рафтааст. Мо тоқатамон тоқ шуд.”

Хонум Назарова мегӯяд, барои хариди хона 40 ҳазор доллар пардохт кардааст ва умедвор аст, ки ба зудӣ баҳсҳои додгоҳӣ хотима ёфта, сохтмони бино шурӯъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Тӯрабек Охунов, раиси ширкати «Мовароуннаҳр» дар суҳбат ба РО гуфт, ба манзури озод шудани биноҳо аз ҳабс, онҳо ба сохтмони биноҳо шурӯъ хоҳанд кард: “Мо аз қабл дар ҷустуҷӯи сармоягузорҳо барои анҷоми сохтмон ҳастем. Инчунин мардум низ тайёранд боқимонда маблағи хонаҳояшонро пардохт кунанд то ин, ки мо сохтмонашро анҷом диҳем.”

Мушкили муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» дар соли 2010 ва замоне шурӯъ шуд, ки ширкати мазкур ба мушкилоти молӣ печида,Ҷӯрабек Охунов, раҳбари қаблии он боздошт гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои муштариён, ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум кард.

Баъдан, тибқи Қонуни Афв ҳукми ӯ кутоҳ шуд ва ҳоло бояд Охунов каме бештар аз 7 соли дигар дар ҳабс боқӣ бимонад. Вале бисёриҳоро сарнавишти муштариёни ширкат нигарон карда буд, ки ба умеди дарёфти манзил, маблағҳои бузургеро ба ин ширкат супурда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG