Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи олӣ Ҷӯрабек Охуновро қисман "сафед" кард


Ҷӯрабек Охунов.

Ҷӯрабек Охунов.

Додгоҳи олии Тоҷикистон раҳбари собиқи ширкати "Мовароуннаҳр" Ҷӯрабек Охуновро қисман "сафед" кард.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Охунов рӯзи панҷшанбе ба радиои «Озодӣ» гуфт, Додгоҳи олии Тоҷикистон бо барррасии аризаи шикоятии вакилони мудофеъ, рӯзи сешанбе аз чаҳор моддае, ки ҷаноби Охунов тибқи ҳукми додгоҳ маҳкум шуда буд, якеро ҳазф кард.

Қудратов афзуд, ки Охунов қаблан бо ҳукми суд тибқи моддаи 253 қонуни кайфарии Тоҷикистон -- «расонидани зарари амвол бо роҳи фиреб ё сӯистифода аз боварӣ», низ гунаҳкор дониста мешуд ва имрӯз ҳайати мушовараи Додгоҳи олӣ ин айбро аз ӯ соқит кард.

Ҳамчунин ба гуфтаи Қуратов, ҳайати мушовараи Додгоҳи олӣ ҳукми судро дар мавриди ҳабс кардани биноҳои нотамоми ширкати «Мовароуннаҳр»-ро бекор кард. Ҳамакнун ин ширкат имкон пайдо кард, ки сохтмони ин биноҳоро ба анҷом расонда, муштариёнашро бо манзил таъмин кунад.

Ба ин тартиб, Додгоҳи олӣ мӯҳлати адои ҷазоро барои Охунов аз 14 сол ба 13, 6 моҳ кам кард. Бо назардошти он, ки Охунов ду солро дар боздоштгоҳ сипарӣ кардааст ва 1,3 дарсади мӯҳлати ҷазояш авф шудааст, ӯ ҳудуди 7 соли дигар дар зиндон хоҳад монд.

Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" моҳи октябри соли 2010-ум боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011-ум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои мизоҷон, дастгир шуда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG